«Тоҷикистон кишвари ман, мулки беҳамтои ман»-озмуни иншои беҳтарин дар минтақаи Рашт
Душанбе, 14.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи барномаи «Меҳмонии ҷавонон» дар минтақаи Рашт озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистон кишвари ман, мулки беҳамтои ман» баргузор гардид.
Озмун бо мақсади ҳавасманд намудани ҷавонони маҳал, ҷалб намудани онҳо ба омӯзиши илмҳои муосир, эҷодкорӣ, рушди малакаҳои зеҳнӣ, омода кардани ҷавонону наврасон ба талаботи ҳаёти имрӯза ва муқовимат ба тазодҳои замони муосир равона карда шудааст.
Тавре Фатҳиддин Солеҳов, директори Маркази миллии имконоти ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз дошт, дар озмун ҷавонону наврасони аз 14 то 30-сола аз муассисаҳои таълимӣ ҷалб гардиданд.
Ба иттилои Фатҳиддин Солеҳов, баъд аз баргузор гардидани озмуни мазкур дар шаҳраки Сарбанди ноҳияи Нуробод иншои ҷавондухтари фаъол Фирӯзаи Ҳабибулло беҳтарин дониста шуда, ғолиб интихоб гардид.
Озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистон кишвари ман, мулки беҳамтои ман» дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, аз ҷумла Нуробод, Тоҷикобод, Лахш идома ёфта, беҳтаринҳо дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатии «Шоми дӯстии ҷавонон» бо туҳфаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гардонида мешаванд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






