Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ то охири соли равон як зумра мактабҳоро ба истифода медиҳад

Сентябрь 19, 2016 11:34

Душанбе, 19.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ як зумра муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба наздикӣ дар ноҳияи Файзобод бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омўзгорону хонандагони ноҳия бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳаи Бўстон ба истифода дода шуд.
Сохтмони бинои мазкур моҳи сентябри соли 2015 оғоз гардида, он аз 12 синфхона барои 296 ҷои нишаст иборат мебошад.
Ҳамчунин бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Б.Одиназода бинои иловагии муассисахои таҳсилоти миёнаи умумии №101-и деҳаи Суғдиёни шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд. Сохтмони ин бино низ моҳи сентябри соли 2015 оғоз гардида, охири августи соли равон корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.
Дар ноҳияи Рўдакӣ бинои ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Л.Назирӣ, раиси ноҳия М.Юсуфӣ, омўзгорону хонандагони ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд. 8 синфхонаи иловагӣ барои 232 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №56-и деҳаи Конститутсия, ки аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Меҳрсоз» бо маблағи 2104307,64 сомонӣ ва бинои 8 синфхонаи иловагӣ барои 184 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №21-и деҳаи Султонобод, ки аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «ХСА» бо маблағи 1837470,78 сомонӣ сохта шудаанд, ба истифода дода шуданд. Сохтмони бинои муассисаи таълимии №56 октябри соли 2015 ва бинои муассисаи таълимии №21 августи соли 2015 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар биноҳои мазкур охири августи соли равон ба анҷом расонида шудаанд.
Дар ноҳияи А.Ҷомӣ бинои 6 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Ф.Усмонзода, муовини раиси ноҳия Х.Неъматова, омўзгорону хонандагони муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд. Бинои мазкур аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Востокстройинвест» бо маблағи 1452088,50 сомонӣ барои 160 нишаст сохта шудааст. Сохтмони он моҳи сентябри соли 2015 оғоз гардида, 30 августи соли равон корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.
Бояд зикр кард, ки бинои навбунёд бо тахтаҳои синфӣ, ҷевонҳои китобмонӣ, мизу курсӣ барои омўзгорон, мизу курсии компютерӣ, рафҳои китобмонӣ, ҷевонҳои либосовезӣ, шабакаи гармидиҳӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии хониш пурра таъмин карда шудаанд.
Дар назар аст, ки баистифодадиҳии бинои мактабҳо дар шаҳру навоҳии мамлакат то охири соли равон идома ёбад.

Сентябрь 19, 2016 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаким Фирдавсӣ камоли бузургвории устод Рӯдакиро дар забону адаби мо дар «Шоҳнома» мавриди ситоиш қарор додааст
Оид ба пешниҳоди «Стратегияи миллии идоракунии партовҳо то соли 2040» ҷаласаи корӣ доир гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобдорӣ муҳим аст
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, шанбе, 263-юмин рӯзи соли 2025 аст
Ҳамкории мақомоти ноҳияи Шаҳринав ва Сафорати Ҷопон дар самти рушди соҳаи маориф тақвият меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Интернети хонагӣ бештар дастрас гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИМА барои дастгирии аҳолии Тоҷикистон 75 тонна ғизои ғанигардонида кумак расонид