1 октябр- Рӯзи пиронсолон: Зиёда аз 5% аҳолии кишварро пиронсолон ташкил медиҳанд
Душанбе, 01.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пиронсолон — ин хазинаи бебаҳои инсоният, хираду дониш, чораю тадбир, таҷрибаю маърифат ва дифоъгари анъанаҳои аҷдодӣ мебошанд. Ҳамасола 1 октябр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Дар бораи вазъи кунунии пиронсолон ва таърихи пайдоиши ин рӯз бо сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонов суҳбат намудем.
«Ховар»: Тавре ба ҳамагон малум аст, 1 октябр — Рўзи байналмилалии пиронсолон эълон шудааст. Дар Тоҷикистон ин ид чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?
Қ.Қурбонов: Бояд гуфт, ки 14 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ бо қарори худ 1 октябрро ҳамчун Рўзи байналмилалии пиронсолон (ё худ одамони калонсол -«International Day of Older Persons») эълом доштааст.
Дар Рўзи байналмилалии пиронсолон ҳукуматҳо, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамаи одамони сайёра бояд диққати худро барои бунёд намудани «ҷамъият барои ҳамаи синну сол» равона созанд. Дар ҷомеа бояд шароите фароҳам овард, ки одамон на танҳо умри дароз бинанд, балки ҳаёти онҳо хуш, гуногунранг, пурарзиш ва қаноатмандона бошад.
Дар ибтидо Рўзи пиронсолон дар Аврупо, баъдан дар Амрико ва дар охирҳои солҳои 90-ум аллакай дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешуд.
Дар Тоҷикистон ин ид нахустин бор соли 1993 ҷашн гирифта шуд. Он замон бо ташаббуси собиқ Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ, бахусус дар тамоми муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва хадамоти хизматрасонии иҷтимоӣ чорабиниҳои алоқаманд гузаронида шуданд. Дар сатҳи маҳаллӣ барномаи дастгирии иҷтимоии пиронсолон «Ғамхорӣ» қабул гардид.
Мақсад аз эълон доштани ҷашни мазкур, пеш аз ҳама — ҷалб намудани диққати ҷомеа ба мушкилиҳои одамони куҳансол, масъалаҳои пиршавии аҳолӣ ва ҳамчунин пайдо намудани имкониятҳо ҷиҳати беҳтар намудани сифати зиндагии нафақахўрон мебошад.
Пиронсол гуфта шахсеро меноманд, ки ба синни нафақа расидааст. Ғайр аз ин, чун анъана давраи пиронсолӣ асосан аз синни 75 боло фаҳмида мешавад.
Агар инсон солим, тавонманду бардам буда, қувваи корӣ дошта бошад ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок намояд, пиронсолӣ барои ў мафҳуми шартӣ маҳсуб мешавад.
Дер ё зуд мо ҳама ба синни пирӣ мерасем ва ин ногузир аст. Аммо пиронсолӣ бартариятҳову афзалиятҳои худро дорад, чун ҳикмати куҳансолӣ, таҷрибаи ҳаётӣ, ҳурмату иззат аз ҷониби ҷавонон ва ҳифзи иҷтимоии онҳо- ин ҳама омилҳои фалсафаи пиронсолӣ мебошанд. Маҳз ҳамин омилҳо буданд, ки рӯзи мазкур ба вуҷуд омадааст.
«Ховар»: Вазъи хизматрасонии иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ имрӯз дар кадом поя қарор дорад?
Қ. Қурбонов: Масъалаҳои хизматрасонии иҷтимоии пиронсолон дар баробари масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз тадбирҳои муҳими ҷомеа маҳсуб мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба масъалаи мазкур аҳамияти хоса дода мешавад. Асосҳои меъёри ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони куҳансол тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри дар амал татбиқ намудани муқаррароти қонунгузории соҳавӣ як қатор муассисаҳо ва хадамоти иҷтимоӣ амал мекунанд, ки муассисаҳои будубоши доимӣ, марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолону маъюбон ва шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз қабили онҳо мебошанд.
Мутобиқи омори расмии кишвар дар айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 436 ҳазорнафар шаҳрвандони калонтар аз синни меҳнатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар маҷмўъ зиёда аз 5% аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.
Дар баробари ин, шумораи умумии нафақахўрон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 620 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 390 ҳазорашон аз рўи пиронсолӣ нафақа мегиранд. Андозаи миёнаи нафақа аз рўи синн дар як моҳ 234,76 сомонӣ мебошад.
Дар ҷумҳурӣ дарозумрии эҳтимолӣ низ рў ба афзоиш дошта, дар соли 2015 он 73,6 солро ташкил медод (аз ҷумла дарозумрии мардон 71,8 ва дарозумрии занон — 75,6). Афзоиши дарозумрии эҳтимолии шаҳрвандон, пеш аз ҳама, ба пешрафту тараққиёти соҳаи тандурустии кишвар вобаста мебошад. Аз тарафи дигар, афзоиши дарозумрии аҳолӣ — ин натиҷаи афзоиши сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум ба шумор меравад.
«Ховар»: Таманниёти Шумо ба пиронсолони кишвар дар ин рўз?
Қ. Қурбонов: Воқеан ҳам хеле рамзӣ аст, ки Рўзи пиронсолон ба аввали моҳи октябр рост омадааст, зеро ки синни нафақа «тирамоҳи заррини ҳаёт» номида мешавад. Бо самимияти хос ва эҳтироми бузург ҳамаи куҳансолони диёрро бо рўзи идашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо умри дарози босаодату саломатии бардавом орзу менамоям. Бигузор қалби онҳоро муҳаббати фарзандону наберагон ҳамеша гарм нигоҳ дорад!
Лайло Қосимова