16 октябр-Рӯзи байналмилалии озуқаворӣ. Ҳадафи ин рӯз баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ дар муносибат ба мушкилии ҷаҳонии озуқаворист

Октябрь 16, 2016 08:10

«Қонеъсозии талаботи озуқа дар рўйхати қиматҳои инсонӣ ҷои аввалро ишғол мекунад».

Абраҳам Маслоу

Душанбе, 16.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола рӯзи 16-уми октябрро ҳамчун «Рӯзи байналмилалии озуқаворӣ» ҷашн мегиранд. Ин ҷашн аввалин маротиба дар конфронси озуқаворӣ ва ташкилоти кишоварзии СММ ФАО 16 октябри соли 1979 эълон шудааст. Ҳадафи асосии ин рӯз-баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ дар бораи мушкилоти озуқаворӣ, ки дар ҷаҳон мавҷуд аст, ба шумор меравад. Ва ин сана сабабест баҳри мулоҳиза намудан ба он корҳое, ки то имрӯз ба анҷом расидаанд ва он корҳое, ки бояд барои аз байн бурдани гуруснагӣ, камғизоӣ ва камбизоатии инсонҳо анҷом дода шаванд.

Айни замон мувофиқи  маълумоти оморӣ дар тамоми сайёраи замин зиёда аз 854 млн нафар одамон аз гуруснагӣ ва камғизоӣ ранҷ мебаранд, ки бартараф намудани ин мушкилӣ аз ҷониби ташкилотҳои ёрирасон кӯшиш ва заҳматҳои зиёдро металабад.

Муайян карда шуд, ки гуруснагӣ ва камғизоӣ боиси халалдорсозии генофонди тамоми мардуми олам мегардад. Кӯдаконе, ки дар муҳити камбуди ғизо умр ба сар мебаранд, онҳо аз ҷиҳати рушду инкишофи зеҳнӣ нисбат ба ҳамсолоне, ки дар онҳо камбуди ғизо ба назар намерасад, қафомондатаранд. Ва маҳз мақсади ҷашнгирии ин рӯз-баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ дар муносибат ба мушкилии ҷаҳонии озуқаворӣ мебошад. Ҳамасола баҳри ҷилавгирӣ аз ин мушкилӣ дар конфронсҳои СММ бахшида ба ин рӯз мавзӯъҳои гуногун баррасӣ карда мешаванд: «Ҷавонон зидди гуруснагӣ», «Озодии ҳазорсола аз гуруснагӣ», «Иттиҳоди байналмилалӣ-зидди гуруснагӣ», «Ҳуқуқ ба озуқаворӣ», «Расидан ба амнияти озуқаворӣ дар давраи буҳронӣ», «Муттаҳидӣ- зидди гуруснагӣ», «Хоҷагиҳои оилавӣ: ҷаҳонро бо ғизо таъмин хоҳанд кард» ва ғайра.

Бояд гуфт, ки бештари он кишварҳое, ки дар он аҳолӣ ба камбуди ғизо ва гуруснагӣ рӯ ба рӯ мешаванд, кишварҳое ҳастанд, ки амнияти озуқаворияшон чандон устувор нест. Аслан зери мафҳуми амнияти озуқаворӣ, пеш аз ҳама, имкониятҳои номаҳдуди  давлату ҷамъият дар таъмини бемайлони аҳолӣ бо озуқаворӣ, ки аз ҷиҳати миқдор ва сифат барои  ҷисми инсон  ва нигоҳдории қобилияти меҳнатии ў  лозиманду на танҳо дар вазъяти ором, балки  дар ҳолатҳои фавқулода низ миқдори он басанда мебошад, фаҳмида мешавад.

Истилоҳи амнияти озуқаворӣ даҳсолаҳои охир  дар кишварҳои зиёди ҷаҳон, ки  роҳи мустақили рушдро интихоб кардаанд, мазмуни ҳаётан зарурро  пайдо кард. Дар «Декларатсияи умумии ҳуқуқи  башар» (1948) тамоми ҳуқуқу қиматҳои инсонӣ, аз ҷумла  «ҳуқуқи тамоми мардуми олам  бо хўрокӣ» инъикоси худро ёфтааст.

Ба гуфтаи коршиносон, амнияти озуқаворӣ дар ҳолате таъмин мегардад, ки миқдори истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ дар дохили давлат ба талаботи мардум ҷавобгӯ буда, 20 фоизи он барои захира  басанда бошад. Дар ҳолати нарасидани маҳсулоти дохилӣ давлат ё аҳолӣ қудрати харидории ин намуди  маҳсулоти хўрокиро аз дигар кишвар дошта бошад.

Дар мавриди Тоҷикистон бояд зикр намуд, ки дар бисёр ҳолатҳо таъмини бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ аз самаранокӣ ва устувории рушди кишоварзӣ вобастагӣ дорад. Соҳаи мазкур бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта,  ба ҳисоби миёна 20-21 фоизи Маҷмўи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд.

Вобаста ба ин, соҳаи аграриро ҳамчун истеҳсолкунандаи маҳсулоти асосии озуқаворӣ, инчунин сарчашмаи ба сатҳи баланд бардоштани даромад ва шуғли аҳолии деҳот ҳисобидан мумкин аст ва тибқи маълумоти расмӣ дар Тоҷикистон масоҳати замин 14 млн. 255397 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 704823 гектар майдони киштшаванда ба ҳисоб рафта, 491556 гектар обёришавандаанд. Мазраи заминҳои назди ҳавлигӣ 179420 га, аз ин замини обёришаванда 99618 га мебошад.

То дараҷае паст шудани сатҳи камбизоатӣ ба рушди иқтисодиёт алоқаманд аст, ки он натиҷаи дастовардҳои истиқрори макроиқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар кишвар мебошад. Дар соли 2015 сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст гардид, ки аз рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ гувоҳ аст. Тавре Сарвари давлат дар Паёми солонаи худ соли 2015 зикр карданд: «Соли 2015 бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди кишварамон рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48  миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба 6 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил кард. Сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст гардид ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз зиёд шуд».

Ба андешаи коршиносони соҳаи кишоварзии кишвар, ба бехатарии озуқаворӣ ба ғайр аз сиёсати аграрӣ, ки ба тараққиёти самарабахши бахши аграрӣ равона гардонда шудааст,  сиёсати макроиқтисодӣ (арзӣ, молиявию буҷавӣ, пулию қарзӣ), сиёсати бозорӣ ва нарх, сиёсати савдо, сиёсати инфрасохторӣ,  сиёсати иҷтимоӣ, сиёсат дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, сиёсати демографӣ мустақиман ё ғайримустақим таъсир мерасонанд.

Бояд зикр намуд, ки сиёсати аграрӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими таъминоти бехатарии озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, афзоиш додан ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, рушди истеҳсолоти самташ содиротӣ, рушди тиҷорати кишоварзӣ (фаъолияти кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ дар деҳот) аз афзалиятҳоест, ки самти асосии тараққиёти бахши  аграрӣ аз он вобаста аст.

Шаҳлои Садриддин

 

 

Октябрь 16, 2016 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд