Аҳолии шаҳри Кӯлоб бо гази табиӣ таъмин мегардад
Кӯлоб, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми нуҳ моҳи соли равон кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Кӯлобгаз»ба аҳолӣ 526 ҳазор метри мукааб газ интиқол додаанд. Дар ин давра пардохти ҳаққи истифодаи газ аз ҷониби шаҳрвандон беҳтар гардида, аз тарафи кормандони техникӣ низ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Қубурҳои газ солҳои тӯлонӣ таъмирталаб буда, як қисмашон корношоям гардида буданд. Ҳоло онҳо таъмир гардида, корҳои таъмирӣ қисман боқӣ мондаанд ва дар кӯчаҳои Шамсиддин Шоҳин, Сайфиддин Сангов, маҳаллаи Борбад ва як қисми кӯчаи Умари Хайём идома доранд.
Бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Абдуғаффор Ҷалолов чоҳи рақами 5 коркард шуда, дар дарозии 7 километр қубурҳои газ барқарор гардонида, интиқоли газ ба роҳ монда шуд.
Ҳоло дар кӯчаи 1- уми май корҳои таъмирӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ буда, рӯзҳои наздик интиқоли гази табиӣ дар назар аст.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






