Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшиноси маъруфи тоҷик: «Кӯдакию наврасии ман дар Ӯзбекистон гузаштааст…»

Октябрь 17, 2016 10:02

abdurahmon-abdumannonov-2Душанбе, 17.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Доир ба вазъ ва дурнамои муносиботи дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдураҳмон Абдуманнонов мусоҳибае анҷом додем, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагон мегардонем.

 — Ду сол пеш (соли 2014 Шумо ҳамроҳи як гурӯҳ адибони кишварамон барои таҷлили ҷашни 100-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ ба шаҳри Самарқанд сафар карда будед. Рӯҳияи мардуми ин шаҳрро аз наздик дидед ва эҳсос кардед. Фикр мекунем, ки самарқандиҳо ҳама ҷонибдори барқарор гаштани муносибатҳои дӯстию бародарона миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд…

— Оре, баҳори соли 2014 мо ҳамроҳи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар, келин ва набераи Фотеҳ Ниёзӣ барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 100-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ ба шаҳри Самарқанд рафта будем. Се рӯзе, ки мо дар ин шаҳр ба сар бурдем, дар муҳити фарҳангии тоҷикӣ, дар рӯҳияи дӯстии самимонаи ду халқи ба ҳам бародар, дар фазои эҳтироми мутақобилаи намояндагони ин ду халқ нисбат ба забон, адабиёт, фарҳанг ва расму оинҳои ҳамдигар, дар партави қадршиносӣ нисбат ба шахсияти фарҳангӣ ва мероси адабии устод Фотеҳ Ниёзӣ сипарӣ гардид. Кӯдакиву наврасии ман дар Ӯзбекистон гузаштааст, ҳанӯз ҳам хешу ақрабоям дар вилояти Тошканд, дар шаҳри Чирчиқ ва деҳаи Боғистони ноҳияи Бӯстонлиқ зиёданд ва ман соле як бор барои зиёрати қабри падару модар, бародарону ҳамшираҳо, аёдати ҳамшираи барҳаётаму ҷиянҳоям ба он ҷойҳо сафар мекунам ва аз муносибати мардуми тоҷику ӯзбек ба ҳамдигар хуб огоҳам. Метавонам бо итминони комил бигӯям, ки ин ҳарду халқи таърихан бародар чи дар Ӯзбекистон ва чи дар Тоҷикистон на танҳо ҷонибдори барқарор шудани муносибатҳои дӯстонаю бародаронаи миёни кишварҳоямону халқҳоямон ҳастанд, балки бо тамоми ҳастӣ ин орзуро дар дил мепарваранд ва бесаброна интизори он рӯзе ҳастанд, ки расмиёти равуои дутарафа осону сода карда шавад, хешу табор имкон пайдо бикунанд, ки дар шодиву ғам ва тӯйу мотами ҳамдигар бемалол ширкат варзанд. Ҳамин гуна орзуву ниятҳои некро мо дар сафари мазкур бо Гулназар дар маҳфилҳои Самарқанд, сӯҳбатҳои дӯстона ва нишастҳои хонаводагӣ дар Тошканду Чирчиқ аз забони тоҷикону узбекҳо пайваста мешунидем.

— Дӯстии миёни ин ду халқ таърихи бисёрасра дорад, тоҷикону ӯзбекон қариб расму оини якхела доранд, онҳоро кам мешавад аз ҳам фарқ кард. Адибони ду кишвар забони якдигарро хуб медонистанд ва асар менавиштанд. Тимсоли барҷастаи ин дӯстӣ ва ҳамкорӣ муносибати Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ метавонад бошад. Ҳатто Фотеҳ Ниёзӣ низ, ки зодаи шаҳри Самарқанд буданд, бо ду забон асар эҷод кардаанд. Дуруст аст?

— Фикр мекунам, ки аз нигоҳи урфу одат, расму оин, тарзи рӯзгордорӣ, риояи арзишҳои хонаводагӣ ва хешиву таборӣ, одобу ахлоқ дар муомилаву муошират, маросимҳои вобаста ба суру мотам ва шодиву ғам ягон халқу миллат, ҳатто халқҳои ҳамзабонамон, ба мо наздиктар аз ӯзбекҳо нест. Ин қаробату шабоҳати тоҷикону ӯзбекҳо на дар давоми як-ду аср, балки дар тӯли ҳамзистиву рӯзгордории якҷояи чандинасра, дар натиҷаи омӯзиши пайваста аз ҳамдигар ва ҳамтақдирии таърихии ин ду халқ ташаккул ёфтааст ва имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ – маишат, рӯзгори хонаводагӣ, ахлоқ, фарҳанг ва санъат аёнан зоҳир мешавад.

Дар урфият мегӯянд, ки пеш аз хона харидан ҳамсояро бояд интихоб кард ё ҳамсояи наздик беҳтар аз хеши дур аст. Вале дар миқёси халқҳову давлатҳо интихоби ҳамсоя дур аз имкон ва ғайривоқеист. Мавқеи ҷуғрофии халқҳову давлатҳо амрест воқеӣ ва дар муносиботи ҳамсояҳо меъёр ва асли бунёдӣ бояд риояи ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми манфиатҳои милливу давлатии ҳамдигар бошад. Дар ин роҳ зиёиёни кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла адибон метавонанд нақши бориз дошта бошанд. Инро мо дар мисоли пайванду таъсиргузории мутақобилаи адабиётҳои тоҷику ӯзбек ба таври возеҳ мебинем.

abdurahmon-abdumannonov-3Муносибатҳои устодонаву шогирдонаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, ки як мактаби бузурги намунавии ҳамкории эҷодии ду намояндаи барҷастаи адабиёти халқҳои тоҷику ӯзбек буд ва барои равнақи баъдинаи робитаҳои адабии ин халқҳо заминаи муътамад муҳайё намуд, худ дар ҷои холӣ ба миён наомадааст, балки дар асоси ҳамзистии таърихии халқҳоямон ва алоқаҳои ҳасанаи мардумонамон шакл гирифтааст. Баъдан, хусусан аз нимаи асри 18 то солҳои 30-и асри 20, дар Мовароуннаҳр як падидаи нодири адабӣ – дузабонӣ роиҷ шуд, ки ба ҳамдигаршиносиву ҳамдигарфаҳмии халқҳои тоҷику ӯзбек хеле мусоидат кард. Дар мактабҳои адабии Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Хоразм, Қӯқанд, Хева, Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии Осиёи Марказӣ дузабонӣ ба як падидаи маъмулии адабӣ табдил ёфта буд. Масалан, аз рӯи маълумоти «Маҷмуатушшуаро»-и Фазлии Намангонӣ мактаби адабии Қӯқанд дар замони ҳукмронии Амир Умархон (1809-1822), ки худ ба забонҳои ӯзбекиву тоҷикӣ шеър мегуфт, беш аз 50 шоири дузабонаро аз маҳалҳои гуногуни Мовароуннаҳр ҷамъ оварда буд. Дар байни онҳо Нодира ва Маҳзуна барин шоираҳо низ эҷод мекарданд. Намояндагони мактаби адабии Хева осори Фирдавсӣ, Низомӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Восифӣ ва дигар классикони тоҷику форсро ба забони ӯзбекӣ баргардонидаанд. Анъанаи дузабонӣ дар адабиётҳои тоҷику ӯзбек, чунон ки ишора кардем, то солҳои 30-и қарни гузашта роиҷ буд. Маъруфтарин адибони тоҷик, ба мисли Аҷзӣ, Фитрат, Айнӣ дар ибтидои асри 20 ба забони ӯзбекӣ осори зиёд навиштаанд, шоирони шаҳири ӯзбек Муқимӣ, Фурқат, Ҳамза, Муҳйӣ, Табибӣ, Ҳақирӣ, Баёнӣ… ба забони тоҷикӣ шеърҳои фаровон эҷод кардаанд. Ҳамчунин Ғанӣ Абдулло, Фотеҳ Ниёзӣ, Юсуф Акобиров ва баъзе адибони тоҷик, ки  дар ӯзбекистон таваллуд шудаву дар он ҷо ба кори эҷодӣ шуруъ карда буданд, аввалин асарҳояшонро ба забони ӯзбекӣ навиштаанд. Дӯстӣ ва робитаҳои эҷодии байни устод Айнӣ ва Абдулло Қодирӣ, Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулому Зулфия, Боқӣ Раҳимзода ва Абдулло Қаҳҳор, Лоиқ Шералӣ ва Эркин Воҳидов… намунаҳои хуби алоқаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек буданд. Аминам, ки агар рафтуомади аҳли адабу фарҳанг, ташкили рӯзҳо ва даҳаҳои адабиёту санъати кишварҳоямон ба роҳ монда шаванд, робитаҳое, ки суст шудаанд, аз нав ҷон мегиранд ва ба як омили муҳими иртиботи гуногунҷабҳаи иҷтимоиву давлатӣ миёни Тоҷикистон ва ӯзбекистон табдил меёбанд.

— Бисёриҳо ҳадс мезананд, ки бо ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, ки ҳокими вилояти Самарқанд буд, муносибатҳои кишварҳоямон сифатан дигаргун мешаванд.

Шумо дар ин бора чӣ гуфта метавонед?

— Шавкат Миромонович Мирзиёев яке аз шахсиятҳои сиёсӣ ва давлатии шинохта ва собиқадори Ӯзбекистон аст. Албатта, нозукиҳои фаъолияти сохторҳо ва мақомоти давлатии ҷумҳуриро на аз рӯи шуниду дид, балки дар ҷараёни кору таҷрибаи шахсӣ омӯхтаву азхуд кардааст. Ӯ ҳам дар системаи обёриву мелиоратсия, ҳам дар муассисаи илмӣ, ҳам дар парламенти Ӯзбекистон кор карда, истеҳсолот, илм ва қонунгузориро дар амал омӯхтааст, сипас дар вилоятҳои Ҷиззах ва Самарқанд ҳоким буд ва аз соли 2003 Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Яъне таҷрибаи кофии Шавкат Мирзиёев дар кори давлатдорӣ сад дар сад аён аст. Илова бар ин, дар сафарҳоям ба Ӯзбекистон аз мардум дар бораи ӯ танҳо суханони нек шунидаам. Дар тасаввури ман шахсияти оқилу дурандеш аст. Бинобар ин баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон умедворем, ки муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав бардошта мешавад. Ба ҳар ҳол халқҳои ҳарду кишвар чунин умедвориро дар дил мепарваранд.

Октябрь 17, 2016 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»