Ҷаласаи машваратии коршиносони Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ба кори худ оғоз кард
Душанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар Душанбе ҷаласаи машваратии коршиносони Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои амнияти Федератсияи Русия баргузор гардид.
Тавре аз Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, зимни ҷаласаи машваратӣ масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ, вазъ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, таъсиру пайомадҳои он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Хотиррасон мекунем, ки барои иштирок дар ҷаласаи машваратии мазкур котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев бо ҳайати васеи коршиносону мутахассисон дирӯз вориди Душанбе гардид.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






