Анҷоми сафари кории Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеъи вилояти Хатлон
Душанбе, 06.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 6 — уми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеъи вилояти Хатлон қарор доштанд.
Зимни ин сафари бобарор, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бузургу муқаддаси умумимиллӣ 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошт, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таъиноти гуногуни маъмурӣ, маишӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ карда, барои бунёди иншооти дигар санги асос гузоштанд. Ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳру ноҳияҳо бо сокинон суҳбату мулоқотҳои самимӣ доир намуда, дар тантанаи идона ва барномаи фарҳангӣ ба ифтихори 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Пас аз анҷоми сафари бобарору созандаи корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеъ субҳи рӯзи 6 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб меҳмони олимақом-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро сокинони меҳнатқарин ва меҳмондӯсти шаҳр бо самимияти хоса ва шукуҳу шаҳомат гусел намуданд.
Ба ин хотир аҳли фарҳанг барномаи рангини консертиро таҳия ва пешкаш карданд.








Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025






