Ҳавасмандии андозсупорандагон афзун гардонида мешавад

Октябрь 19, 2016 16:55

Душанбе, 19.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри нав ворид карда шуд, ки ҳадафаш рушди соҳибкорӣ, афзун намудани ҳавасмандии андозсупорандагон ва дар ин замина, ғанӣ гардонидани буҷети кишвар арзёбӣ мегардад.
Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд, ки тибқи ин тағйирот, минбаъд шахсоне, ки барои насупоридани андоз ва пардохтҳои гумрукӣ қарздор шудаанд ва мақомоти марбута онҳоро ошкор намудаанд, агар аз рӯзи ошкор намудан дар зарфи 48 рӯзи бонкӣ онҳо ин маблағҳоро пардохт намоянд, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз намегардад ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд.
Инчунин соҳибкорон агар ин маблағҳоро дар ҷараёни тафтишоти судӣ супоранд, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мегарданд. Ҳамзамон баъди аз ҷониби судҳо маҳкум гардидан нафароне, ки аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ қарздор шудаанд, маблағҳо ва фоизи онҳоро супоранд, аз адои ҷазо озод мегарданд.

Октябрь 19, 2016 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид