Ҷавонон дар бартараф намудани ақидаҳои дорои характери террористӣ ва ифротгароӣ саҳмгузоранд

Октябрь 28, 2016 09:14

Душанбе, 28.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамбастагӣ бо ШВКД дар шаҳри мазкур ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав, конфронси илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар бартараф намудани ақидаҳои дорои характери террористӣ ва ифродгароӣ» баргузор гардид.
Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар конфронс роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қурғонтеппа Назир Азимзода, сардори ШВКД дар шаҳри мазкур Нуралӣ Раҷабзода, ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав Шодиёни Муҳаммадзода, муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ Мансур Бухоризода, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонон ва рӯҳониёни шинохта иштирок намуданд.
Мақсади конфронс аз рафъи омилҳои номатлуб дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ватандӯстӣ, ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқу тарғиб миёни ҷавонон иборат буд.
Зикр гардид, ки чунин конфронсҳо метавонанд барои пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни ҷавонон ва аҳли ҷамоат мусоидат кунанд.

Октябрь 28, 2016 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад