Баргузории машварати омӯзишии адибони ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд

Октябрь 4, 2016 12:07

Душанбе, 4.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар вилояти Суғд Машварати омӯзишии адибони ҷумҳурӣ дар бахшҳои назм, нақди адабӣ, асарҳо барои бачагон ва наврасон, насру публитсистика ҷараён гирифт.
Бояд гуфт, ки муҳокимаи таълифоти адибони ҷавон дар бахши назм ва нақди адабӣ дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баргузор шуд ва аз ҷониби устодон Низом Қосим, Фарзона, Аскар Ҳаким, Гулназар, Камол Насрулло, Матлуба Хоҷаева, Замира Ғаффорӣ, Аҳмадҷон Раҳматзод, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Суруш ба ашъори шоирони ҷавон Фирдавси Аъзам, Бобаки Суғдӣ, Эҳсон Раҷабӣ, Насимбек Қурбонзода, Муҳриддин Сабурӣ, Шоҳбегим, Шоира Олимӣ ва дигарон баҳои баланд дода шуд.
Инчунин барои эҷоди шеърҳои беҳтарин аз ҷониби устодон ба адибони ҷавон маслиҳат ва тавсияҳо ироа гардид.
Ёдрас менамоем, ки машварати омӯзишии адибони ҷумҳурӣ имрӯз низ дар вилоят идома меёбад.

Октябрь 4, 2016 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд