Баррасии ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Октябрь 11, 2016 08:48

Душанбе, 11.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода 10 октябр Директори департаменти Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба равобити сиёсӣ бо Русия, шарикони шарқӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва САҲА Люк Девинро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба, тадорукот ба ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимом баррасӣ гаштанд.
Дар мулоқот роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафир Ҳидайет Бишчевич низ иштирок намуд.

Октябрь 11, 2016 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад