Боздиди Пешвои миллат аз боғи Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид”-и ноҳияи Восеъ

Октябрь 3, 2016 20:47

Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” боздид ба амал оварда, бо нашъунамои дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ шинос шуданд.

Аҳди меҳнати Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар майдони 23 гектар парвариши намудҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, гулу буттаҳои ороишӣ, полезӣ ва кишти дигар зироатҳоро дар байни қатори дарахтон ба роҳ мондаанд.

Имсол 3 гектар боғи нав бунёд гардид, ки акнун майдони боғот 26 гектарро ташкил дода, дар майдони 13 гектар ангур, дар 10 гектар дарахтони гелос, зардолу, нок, бодом, олу, олуи сурх, чормағз, анор ва арча ва дар майдони 1 гектар гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, нашъунамои хуб доранд.

Зимни тамошои боғ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнаткашони Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” барои хуб ба роҳ мондани парвариши дарахтон, ки меваи аксари он ба содирот нигаронида шудааст, баҳои баланд доданд. Аз рӯи маълумоти боғдорони хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” имсол ҳосили боғот, аз ҷумла ангур фаровон буд. Бахусус ҳосили фаровони ангури меҳнаткашони Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид”, ки навъҳои беҳтарини ангурро дар ин боғ ҷамъ овардаанд баҳои арзанда гирифт.

Даҳҳо тонна ҳосили хушсифати ангуру пиёзи боғ ба Федератсияи Россия содирот карда шуд. Аз ҳосили дарахтони зардолу ва ангур бо роҳи хушк кардан хушкмеваҳо истеҳсол карда шудааст.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки гулу буттаҳои мухталиф ва дарахтони сояафкани ин боғ барои корҳои ободонӣ дар кӯчаву хиёбонҳои ҷамоат ва қад қади шоҳроҳи мошингард шинонида мешавад. Мавриди зикр аст, ки аз тарафи Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” дар даромадгоҳи ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар 5 гектар майдони бекорхобидаи санглоху шуразамин боғи арча бунёд кардаанд, ки ба симои ҷамоат ҳусни тозае зам кардааст.

Барои истифодаи самараноки заминҳои ин боғ, ки аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бобати гирифтани даромади хуб аз замин, гузаронидани кишти такрорӣ бармеояд, хоҷагидорон дар байни қаторҳо дар 3 гектар пиёз кишт карда, 80 тонна маҳсулот ба даст овардаанд. Дар кишти такрорӣ ба ҷойи пиёз тарбузу харбуза шинониданд. Аз кишти 3 гектар картошка бошад, аҳли меҳнат 45 тонна ҷамъоварӣ намуда, баъди ба бозор баровардан шароити иҷтимоии коргаронро беҳтар карданд ва ҳам барои дигар эҳтиёҷоти хоҷагӣ истифода бурданд.

Ҳангоми шиносоӣ бо вазъи парвариши дарахтон ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин боғ ба таври доимӣ 40 нафар ва мавсимӣ беш аз 70 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд. Таъсиси ҷойҳои корӣ як омили муҳими беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад, ки аз ҷониби фарзандони ватандӯсти ин ҷамоат, роҳбарияти Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” амалӣ шудааст.

Октябрь 3, 2016 20:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд