Чаро имсол нархи помидор дар бозорҳо қимат аст? Сабаб чист, ки имсол буттаҳои помидор ва ҳатто помидори сабзи даштҳои Файзободро куяи помидор нобуд сохт?

Октябрь 4, 2016 16:37

Файзобод, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Файзобод ҳамасола дар охири фасли тобистон ва аввали фасли тирамоҳ бозорҳои шаҳри Душанберо бо помидори хушсифат таъмин мекарданд. Вале имсол буттаҳои помидор ва ҳатто помидори сабзи даштҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Файзободро куяи помидор нобуд сохта, ба деҳқонон зарари калон расонид. Аз ин сабаб имрӯзҳо нархи 1 кг помидор дар бозорҳо то ба 7 сомонӣ расидааст.
Абдуҷаббор Саидов, яке аз помидорпарварони машҳури ноҳия изҳор намуд, ки «дар як гектар замин ба маблағи даҳ ҳазор сомонӣ помидор шинондем, аммо бо паҳн гаштани куяи минадори помидор ё омадани ҷели помидор ҳосили он пурра зарар дид. Беҳтарин заҳрхимикатҳои босифати аврупоиро ба рӯйи ин кирмҳо пошидем, вале куя дар як лаҳза ба ҳамон заҳр мутобиқ мегардаду намемирад, баръакс зиёд мегардад».
Тибқи иттилои деҳқонони мушоҳидакор, куяи мазкур дар як шабонарӯз то 250 дона тухм гузошта, он дар муддати 3 рӯз зинда мегардад ва ҳеҷ доруе ба он таъсир намерасонад. Баръакс, куя ба ҳама намуд заҳри пошидагӣ дар як лаҳза мутобиқ мегардад. Ба ин хотир онро дар Африка эбола ном кардаанд.
Куяи помидор зараррасони хавфноки зироати сабзавотӣ дар гармхонаҳо ва заминҳои кишти кушод мебошад. Ватани он Амрикои ҷанубӣ буда, соли 1980 ниҳоят ба тезӣ дар ҳамаи майдонҳои зироати дӯстдоштааш- помидор паҳн гардид. Ҳашароти мазкур бо роҳҳои гуногун дар Аврупо, Украина, Беларус, Фаронса, Италия, Тунис, Русия, Қазоқистон ва ниҳоят солҳои 2015-2016 дар Тоҷикистон пайдо шудааст.
Ба андешаи олимони соҳаи кишоварзӣ, куяи помидор бештар ба помидор, ба ғайр аз ин ба боимҷон, қаламфури булғорӣ, картошка ва дигар растаниҳои ҷинси ангури сагак зарар мерасонад.

Октябрь 4, 2016 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст