Дар Душанбе зодрӯзи Маҳатма Гандӣ таҷлил гашт
Душанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 147- умин солгарди зодрӯзи Маҳатма Гандӣ, ки 2 уми октябри соли 1869 дар Порбандар таваллуд шудааст, дар толори китобхонаи АИ ҶТ маҳфили илмии ихтисосӣ баргузор гардид.
Нишасти илмиро директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодимуҳаммад Сӯфизода ифтитоҳ намуд. Дар маҳфил Сафири Кабири кишвари Ҳиндустон дар Душанбе Сомнатҳ Гҳош, кормандони сафорат ва аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон ширкат намуданд.
Шодимуҳаммад Сӯфизода иброз дошт, ки дар таърихи сиёсии башарият нақши Маҳатма Гандӣ бағоят бузург буда, ӯро чун роҳбари маънавии Ҳидустон мешиносанд. Ӯ нахустин фарде буд, ки озодии Ҳиндро аз роҳе ба даст овард, ки барои бисёриҳо ҳатто тасаввури он мушкил ва ғайриимкон менамуд. Рафторе, ки Гандӣ дар пеш гирифт, дар қиёс бо он чӣ, ки акнун дар ҷаҳон мегузарад, ба муъҷиза шабоҳат дорад. Ӯ роҳи ҳаллеро баргузид, ки намуна буд- ҷанг бидуни ҷанг! Бесабаб нест, ки ҳиндустониён ӯро дар Ҳинд «Мҳатма», яъне Рӯҳи Бузург лақаб доданд.
Майрам Исоева, ҳунарманди тоҷик дар маҳфил таъкид кард, ки ҳоло тамоми дунё ба чунин шахсият, яъне Маҳатма Гандӣ ниёз дорад. Мо бояд фалсафаи зиндагӣ ва фаъолияти сиёсии ӯро биомӯзем.









Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






