Дар ноҳияи Фархор нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 63 фоиз иҷро гардид

Октябрь 15, 2016 08:52

Фархор, 15.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Кӯлоб муташаккилона ҷараён дорад.  Дирӯз дар ноҳияи Фархор 20 нафар ҷавонон ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ариза пешниҳод намуда, бо иштироки падару модарон ба қисмҳои ҳарбӣ равона гардиданд.

Тавре  аз комиссариати ҳарбии ноҳия иттилоъ доданд, то ин муддат нақшаи даъват зиёда аз 63 фоиз ба иҷро расонида шудааст.  То ин муддат 70 нафар  ҷавонон бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардиданд.

Дар ин самт ҷамоатҳои деҳоти Ғайрат, Ғалаба, «20- солагии Истиқлолият» ва Ватан пешсаф буда, нақшаҳои худро сари вақт  иҷро намуданд.

Имрӯзҳо мушкилот оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ба чашм намерасад, зеро маъулини комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор дар ҷамоати шаҳраку деҳот оид ба даъвати ҷавонон вохӯриҳои судманд  доир менамоянд.

Октябрь 15, 2016 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад