Дар ҳошияи Рӯзи омӯзгор: Баланд бардоштани сифати таълим масъулияти омӯзгор аст
Душанбе, 4.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мо, омӯзгорон ва намояндагони аҳли маориф, падару модарон ва хонандагони ноҳияи Восеъ аз он ифтихор дорем, ки дар соли фархундапай- 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 октябри соли равон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Аз ин рӯ, мо хуб медонем, ки Пешвои миллат бо мақсади фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои таҳсили шоистаи насли наврас пайваста кӯшишу талош доранд. Бо фароҳам овардани шароити мусоид ва замонавии таълиму тарбия дар мактабҳои мамлакат ҳадафи асосии Пешвои миллат ба камол расонидани насли бедордилу огоҳ ва соҳибмаърифат, ба ҳаёти мустақилона ва зиндагии шоиста омода намудани онҳо ва ниҳоят сафарбар намудани неруи ҷисмониву ақлонии миллат ба пуштибонии Ватан ва таҳкими давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизамон мебошад.
Аз ҳамин хотир, Пешвои миллат ба соҳаи маориф ҳарчи бештар ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, зеро дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия барои насли наврас дар ноҳияи Восеъ 33 бинои нав ва иловагии муассисаҳои таълимӣ ба истифода супорида шуданд.
Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ иброз дошт: «Соли ҷорӣ 5 бинои нав ва иловагии таълимӣ барои 2200 ҷойи нишаст бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт. Илова бар ин, дар давоми се соли оянда сохтмони боз 7 мактаби нав пешбинӣ гардидааст».
Дар навбати худ мо, масъулони соҳаи маориф, кулли устодону омўзгорон вазифадорем, ки ба масъалаи ҷиддан баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ҳамчун вазифаи ҷонии худ ва ҳадафи стратегиву афзалиятноки давлат муносибат намоем.
Тамоми неруву маҳорати худро барои тарбияи шогирдони донишманду қобилиятнок, огоҳу бедордил, ватандўсту ватанпараст ва шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солим ва ахлоқи ҳамида сафарбар менамоем, то наслҳои наврас бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои миллат рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандии худро амиқан дарк намоянд ва дар оянда мақому эътибори давлати соҳибистиқлол ва миллати тамаддунсозу фарҳангсолори худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва пуштибонӣ карда тавонанд.
Сироҷиддин Гурезов,









Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






