Дар соҳилҳои шарқии Индонезия заминларзаи шадид ба амал омад

Октябрь 10, 2016 17:03

Душанбе, 10.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шарқи Индонезия заминларза бо шиддати 6.2 аз рӯи миқёси Рихтер рух дод, вале таҳдиди сунамӣ вуҷуд надорад. Дар ин бора Синхуа бо истинод ба агентии метеорологӣ ва геофизикии кишвар иттилоъ дод.
Зилзила дар соати 21:46 ба вақти Ҷакарта (14:46 бо Гринвич) дар километри 52-юми самти шимолу ғарбии ҷазираи Халмахери музофоти Малукуи шимолӣ ба амал омад.
Бино ба иттилои як манбаи расмӣ, маркази зилзила дар умқи 117 км ҷойгир шудааст.

Октябрь 10, 2016 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст
Сокинони ноҳияи Файзобод дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка парвариш менамоянд