«Дурахши меҳр»-маҳфили шеъру суруд, ки ба ёдбуди Махсум Олимӣ бахшида мешавад

Октябрь 4, 2016 15:30

Душанбе, 4.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев маҳфили шеъру суруд таҳти унвони «Дурахши меҳр» баргузор мегардад.
Маҳфил ба гиромидошти 60-солагии шоири шодравон Махсум Олимӣ бахшида шуда, дар он ҳунарпешаи шинохтаи кишвар Хосияти Зарафшонӣ, шоирону рӯзноманигорон, мухлисону ҳаводорони осори шоир иштирок хоҳанд кард.
Махсум Олимӣ зодаи деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ буда, ба шеъргӯӣ соли 1973 оғоз кардааст. Нахустин шеъри ӯ бо номи «Модар» дар рӯзномаи ноҳиявии «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ рӯи чоп омадааст. Шеърҳои ӯ ба забонҳои русӣ, украинӣ, озарӣ, ӯзбекӣ, чувашӣ, болқарӣ, лазгӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 4, 2016 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад