Эдгарс Бондарс: «Ман тамоми саъйи худро барои муаррифии табиати нотакрори Тоҷикистон равона мекунам»
Душанбе, 19.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия аз соли 1994 барқарор гардидаву ҳоло рушд меёбанд». Ин нукта имрӯз зимни мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эдгарс Бондарс таъкид гардид. Ҷонибҳо дар мулоқот оид ба роҳҳои рушд ва устувор намудани робитаҳо дар самти сайёҳӣ ва варзишӣ ибрози андеша намуданд.
Аҳтам Абдуллозода аз имконият ва захираҳои бойи туристии Тоҷикистон, ки имрӯз аз ҷониби ташкилот ва созмонҳои бонуфуз баҳои баланд гирифтаанд, ёдовар гардид.
Эдгарс Бондарс барои боз ҳам ҷоннок ва устувор гардонидани робитаҳои тарафайн дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ, фарҳанг ва варзиш иброз намуд, ки «дӯстдорон ва ҳаводорони туризми экологӣ ва кӯҳнавардӣ дар Латвия хеле зиёд мебошанд ва ман тамоми саъйи худро барои муаррифии табиати нотакрори Тоҷикистон равона мекунам».
Аз ҷумла сафир иброз намуд, ки бояд барномаҳои муштарак ба роҳ монда шаванд, зеро онҳо метавонанд дӯстию ҳамкории ду кишварро мустаҳкам намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






