Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳама гуна рушду пешравӣ танҳо дар фазои осуда ва сулҳу субот ба даст меояд»
Душанбе, 3.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани пешрафти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Муъминобод эътибори махсус дода, ба масъалаи рушди маънавиёти насли наврас, пешрафти илму маориф, ҳалли масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва муҳайё намудани шароити мусоид барои саводу донишомӯзии онҳо пайваста ғамхорӣ мекунад». Ин суханҳоро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар ноҳияи Мӯъминобод иброз доштанд.
Ҳамчунин Пешвои миллат баён намуданд, ки боиси қаноатмандист, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар мардуми заҳматкашу сарбаланди ноҳияи Мӯъминобод дар муддати бисту панҷ соли соҳибистиқлолӣ дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба натиҷаҳои хеле назаррас муваффақ шудаанд.
«Дарвоқеъ, ҳама гуна рушду пешравӣ танҳо дар фазои орому осуда ва сулҳу субот ба даст меояд. Хушбахтона, бо майлу ирода ва саъю кӯшиши мардуми азизамон мо ба ин неъмати бебаҳо насиб гардидаем ва имрӯз шукр мекунем, ки мардуми шарафмандамон ваҳдату ягонагиро омили муҳимтарини суботу пешрафти кишвар шуморида, барои ҳимояву бақои давлатдории миллии худ ва тақвияти иқтидори он содиқона заҳмат мекашанд»,- гуфтанд Пешвои миллат ва илова намуданд: «Аз ин рӯ, ҳар як фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус устодону омӯзгоронро зарур аст, ки қадру қимат ва аҳамияти истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин муқаддасоти Ватанро ба шогирдони худ дуруст шарҳ диҳанд, онҳоро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз Ватан ва давлати худ тарбия намоянд».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






