ГЭОТАР «Медиа» захираи электронии нашриётро пешниҳоди ДДТТ мегардонад
Душанбе, 25.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти машҳури тиббӣ ГЭОТАР «Медиа»-и Русия имконият дорад, ки баробари адабиёти илмӣ, инчунин захираи электронии нашриётро пешкаши Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардонад.
Бо адабиёти таълимӣ ва дигар маводи навтарини тиббии дарсӣ таъмин намудани китобхонаи илмии таълимгоҳ аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки раёсати донишгоҳ бо ин мақсад бо муассисаҳои гуногуни нашриётии хориҷӣ ҳамкории густурда ба роҳ монда, мушкилоти вобаста ба ин масъаларо сари вақт ҳал менамояд.
Бо ин мақсад муовини директори генералии Гурӯҳи нашриётии ГЭОТАР «Медиа» Антон Молчанов ва директори тиҷоратии ин муассиса Виктор Андреев бо мақсади шинос гаштан бо имкониятҳои рушди ҳамкорӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд. Онҳо имкониятҳои дар оянда боз ҳам васеъ намудани ҳаҷми интиқоли китобу маводи дарсии тиббиро ба муассисаҳои таҳсилоти тиббию фармасевтии Тоҷикистон муаррифӣ намуданд.
Инчунин меҳмонон аз китобхонаи илмии донишгоҳ дидан карда, изҳори боварӣ намуданд, ки баъди ба имзо расидани ҳуҷҷатҳои расмии ҳамкорӣ ба муассисаи таҳсилоти олии тиббии тоҷикон бисёр адабиёти нави илмию таълимии тиббиро дастрас хоҳанд намуд.
Бояд гуфт, ки тӯли 18 соли охир адабиёти нави тиббӣ асосан тавассути нашриёти машҳури русиягии ГЭОТАР «Медиа» вориди китобхонаи илмии донишгоҳ гашта, ҳамкорӣ бо ин муассисаи илмию нашриётӣ сол аз сол густариш меёбад.
Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






