Халида Бузар бо аҳолие, ки аз татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар Тоҷикистон манфиат гирифтаанд, шинос мешавад
Душанбе, 26.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои татбиқи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», самтҳои афзалиятноки татбиқи он, ҷалби ҷавонон ва занон ба корҳои лоиҳавӣ ва дар ин замина муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ барои онҳо зимни мулоқоти директори Департаменти минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар мамлакатҳои Шарқи наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ Халида Бузар бо намояндагони дафтари кории Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва мушовирони маҳаллию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Тавре директори Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Саъдӣ Каримов иброз дошт: «Дар доираи лоиҳа ноҳияҳои фарогир-Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва Темурмалик бо техника таъмин гардида, ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ ташкил карда шуданд. 15 гурӯҳи занон барои коркарди пашм таъсис дода шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуданд. Онҳо аллакай маҳсулоти худро ба бозор бароварда, даромад гирифта истодаанд».
Ба иттилои Саъдӣ Каримов, дар доираи татбиқи лоиҳа 7 зерлоиҳа оид ба сохтмон ва барқарорсозии хатҳои интиқоли барқ, 6 зерлоиҳаи сохтмони хатҳои оби нӯшокӣ, 3 зерлоиҳаи барқарорсозии чоҳҳои обкашӣ, 3 зерлоиҳа оид ба таъмири роҳҳои дохили хоҷагӣ амалӣ карда шуданд.
Аз ҷониби аҳолӣ дар маҷмӯъ 575 зерлоиҳа пешниҳод гардида, 365 зерлоиҳа аллакай амалӣ карда шудааст.
Халида Бузар ҳавасмандӣ пайдо намуд, то аз минтақаҳои фарогири лоиҳа боздид намояд ва бо аҳолие, ки аз татбиқи лоиҳа манфиат гирифтаанд, шинос шавад.
Дар ин бора аз Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» хабар доданд.









Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






