Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 барои 624 ҷойи нишаст дар деҳаи Чашмасори ноҳияи Муъминобод
Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод нахуст бо буридани лентаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 барои 624 ҷойи нишаст дар як бастро дар деҳаи Чашмасор мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омӯзгорону хонандагони ин муассисаи таълимӣ бо эҳтирому самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонии ин муассисаи таълимӣ ҳанӯз аз солҳои 1991 ҳамчун иншооти нотамом боқӣ монда буд.
Бо таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, инчунин дар меҳвари сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтани соҳаи мактабу маориф, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз моҳи сентябри соли 2015 аз сар гирифта шуд. Дар муддати як сол корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти барои мардуми ин деҳа ниҳоят муҳиму зарурӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуд.
Ҷойи зикр аст, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ро бо дастгирии Ҳукумати кишвар Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” марҳилаи III бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд бунёд кардааст. Корҳои сохтмониро бошад ҶДММ “Махсус”-и шаҳри Кӯлоб анҷом додааст.
Сарвари давлат аснои шиносоӣ бо шароитҳои муассисаи таълимии наву замонавӣ, ки бо тарҳи муосир бунёд гардидааст, ба сохтмончиён барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар деҳаи Чашмасори ноҳияи Муъминобод аз се ошёна иборат буда, дорои 624 ҷой дар як баст мебошад.
Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин муасиссаи таълимӣ аз 28 синфхона, аз ҷумла утоқҳои фаннии химия ва физика, синфхонаи компютерӣ, китобхонаи электронии муҷаҳҳаз бо 15 компютери пайваст бо шабакаи Интернет, толори маҷлисгоҳ бо 288 ҷойи нишаст, ошхона бо 144 ҷой, толори варзишӣ бо 140 ҷойи нишаст ва биноҳои ёрирасон иборат мебошад. Масоҳати умумии майдони муассиса 2,3 га-ро ташкил медиҳад. Маҷмуан барои анҷом додани корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншооти мазкур 16 млн. 141 ҳазор сомонӣ сарф шуда, хароҷоти ҷиҳозонидани муассисаи таълимӣ бо асбобу аёниятҳои хониш бошад 2 млн. 428 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо омӯзгорон ва муҳассилини мактаб иброз доштанд, ки ба истифода додани боз як муассисаи нави таълимӣ бо беҳтарин шароити илмомӯзӣ, туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар ба сокинони ноҳияи Муъминобод дар ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар зарфи 25 соли соҳибистиклолӣ барои рушди босуботи соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат мактабҳои наву замонавӣ бо беҳтарин шароити таълимӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре Президенти кишвар таъкид доштанд, соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, рушди ин соҳа барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи воқеӣ мегузорад. Вобаста ба ин аз ҳайати омӯзгории муассисаи таълимӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар таълиму тарбияи кӯдакону наврасон талоши бештар намуда, аз усулҳои фаъоли таълим кор бигиранд ва наслеро ба воя расонанд, ки дар оянда барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани аҷдодиямон саҳми муносиб гузоранд.


































Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншоти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити минтақавии экологӣ дар мавзуи «Диди муштарак барои ояндаи устувор»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар мавзуи «Диди муштарак барои ояндаи устувор» иштирок намуданд






