Ифтитоҳи навбати аввали роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг

Октябрь 3, 2016 13:32

Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Баъди истиқболи бошукуҳ дар ҷамаоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи навбати аввали роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг иштирок намуданд ва расман онро мавриди истифода қарор доданд.

Масофаи роҳи мошингарди “Восеъ — Ховалинг” 88 километрро ташкил дода, бо харҷи 600 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонии навбати дуюми роҳи мазкур моҳҳои наздик шуруъ гардида, асфалтпӯш кардан, чароғонкунӣ, сохтмони роҳҳои пиёдагард ва дигар иншооти ёрирасон саривақт ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонида шуда, роҳи мазкур ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешавад.

Баъди ба истифода додани навбати аввали роҳи мошингарди “Восеъ-Ховалинг” акнун имкон фароҳам гардид, ки мушкили рафту омади воситаҳои нақлиёт, мусофиркашӣ бартараф гардида, интиқоли молу маҳсулот тариқи роҳи мазкур бештар гардад.

Сокинони ноҳияи Восеъ аз ин ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу минатдорӣ карда, бунёди навбати аввали роҳи мошингарди “Восеъ — Ховалинг” — ро аз ҳадафҳои бобарору созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани шаҳру ноҳияҳои мамлакат арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди роҳи мошингарди Восеъ — Ховалинг баҳои баланд доданд ва барои анҷоми корҳои навбати дуюми роҳи мазкур масъулин дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Октябрь 3, 2016 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд