Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Муъминобод

Октябрь 3, 2016 10:35

Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Темуршо Раҳимови ҷамоати шаҳраки Мӯъминобод бо буридани лентаи рамзӣ Варзишгоҳи марказии ноҳияро, ки барои беш аз 7 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони варзишгоҳ аз тарафи шӯъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 15 августи соли 2011 оғоз гардида, то соли 2012 ба маблағи 594 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуда буд.

Соли 2012 сохтмони нотамоми иншооти мазкур ба тавозуни Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Аз моҳи сентябри соли 2012 то ин давра ба маблағи 13 миллиону 390 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлгари иҷро гардидааст.

Барои харидории таҷҳизоту дигар лавозимоти зарурӣ 625 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Варзишгоҳи мазкур барои 7000 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, аз нишастгоҳҳои шарқӣ, ғарбӣ, ҷанубу шарқӣ, шимолу-шарқӣ ва шимолу-ғарбӣ иборат мебошад.

Ҳамзамон дар зери нишастгоҳҳо, 2 толори варзишӣ, меҳмонхона, мағоза ва шароити муосири корӣ, аз ҷумла ҳамом, ҳуҷраи либосивазкунӣ барои мурабиёну варзишгарон фароҳам оварда шудааст.

Масоҳати умумии варзишгоҳ 11 ҳазору 485 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Варзишгоҳ дорои зеристгоҳи барқӣ бо 2 адад трансформатори 250/10кВт мебошад.

Лоиҳакаши иншоот Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шаҳрофар» мебошад.

Сохтмончиёну коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рамз”, “Кӯлобдеҳотсоз” “Бинокор”, “Тиҷоратсохтмон”, “Трио сохтмон”, “Маҷидиён” ва “Самар СН” тавонистанд ин иншооти варзиширо бо риояи қоидаҳои меъморӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон, бо сифати баланд сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани Варзишгоҳи замонавиро дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни муқаддас 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли сокинону варзишгарони ноҳияи Мӯъминобод муборкабод намуда, иброз доштанд, ки маҳз пойдории сулҳу субот ва самари соҳибистиқлоливу дастгирии сокинони мамлакат аз сиёсати созандаву ободкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки чунин иншооти варзишӣ дар дурдастарин ноҳияҳои кишвар бунёд ва ба истифода дода мешаванд.

Акунун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин варзишгоҳ имкон фароҳам гардид, ки ҳам варзишгарон машқу тамрин намоянд ва чорабиниҳои фарҳангии ноҳия дар он гузаронида шавад.

Октябрь 3, 2016 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Қасри фарҳанги деҳаи Пушингро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии «Гулистон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара чор гармхонаи хоҷагии деҳқонии Восеъро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи парандапарварии ҶДММ «Парандаи Пушинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара ба фаъолияти китобхона оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ҷасур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара майдони варзишии болопӯшидаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 90-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бинои Маркази саломатиро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Раҳмониёни ноҳияи Данғара бинои нави Маркази саломатиро ба истифода доданд