Имрӯз бозии рафиқонаи Тоҷикистону Фаластин доир мегардад
Душанбе, 05.10.2016. /АМИТ«Ховар»/. Шоми имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи миллии Фаластин бозии рафиқона анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин дидори дастаҳои мунтахаби футболи миллии Тоҷикистону Фаластин ба шумор меравад.
Бозии аввали дӯстона миёни ин дастаҳо 6 сентябри соли равон дар Варзишгоҳи байналмилалии «Дура»-и шаҳри Хеврони Фаластин бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд. Голҳои ин вохӯриро Парвизҷон Умарбоев ва Карлос Салом ба ҳадаф расониданд. Натиҷаи мусовӣ ва ҳунарнамоии чашмраси футболбозони мо, ки ҳайати асосиашро ҷавонон ташкил медиҳанд, ба дилҳо умед мебахшад. Ду бозии охир бо натиҷаи мусовӣ бо дастаҳои мунтахаби арабӣ- Сурия ва Фаластин, ки яке дар раддабандии ҷаҳонӣ дар зинаи 105 ва дигаре дар ҷои 115 қарор доранд, барои дастаи мунтахаби мо натиҷаи мусбат аст.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






