«Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!»

Октябрь 3, 2016 12:01

Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади боз ҳам зебову дилрабо гардонидани фазои экологии шаҳр дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ ҳамоиши экологӣ таҳти унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш зиёда за 1000 нафар ҷавонону наврасони касбҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб ҷалб гардида, атрофи бозори «Саховат» ва наҳру ҷӯйборҳоро тоза намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши мазкур дар доираи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти таҳкими ватандӯстии ҷавонон, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ баргузор гардид.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 3, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст