Исми барандагони Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ дар соли 2015 эълон мешаванд
Душанбе, 14.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябри соли 2016 дар толори Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маросими тантанавии тақдими Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ барои соли 2015 доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» раиси ИЖТ Зинатулло Исмоилзода хабар дод.
Лозим ба ёдоварист, ки ҷоизаи мазкур ҳамасола дар чор бахш: матбуот, радио, телевизион ва маводи илмӣ тадқиқотӣ супорида мешавад.
Тавре раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода хабар медиҳад, маросими тантанавӣ бо ҳузури ҷомеаи журналистии кишвар, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин васоити ахбори умум доир мешавад.
Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз байни беш аз 30 нафар журналистон ва тадқиқгароне, ки маводи худро пешниҳод сохта буданд, беҳтаринҳоро муайян намудааст, ки исми онҳо рӯзи 17 октябр дар ҷаласаи тантанавӣ эълон мегардад.
Ба ғолибон мукофоти пулӣ, шаҳодатнома ва нишони лауреати Ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ тақдим карда мешавад.
Ҳамчунин дар ин рӯз ғолибони Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ барои донишҷӯёни факултаҳои журналистӣ низ муаррифӣ мешаванд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






