Исми барандагони Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ дар соли 2015 эълон мешаванд

Октябрь 14, 2016 11:14

Зиннатулло ИсмоиловДушанбе, 14.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябри соли 2016 дар толори Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маросими тантанавии тақдими Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ барои соли 2015 доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» раиси ИЖТ Зинатулло Исмоилзода хабар дод.
Лозим ба ёдоварист, ки ҷоизаи мазкур ҳамасола дар чор бахш: матбуот, радио, телевизион ва маводи илмӣ тадқиқотӣ супорида мешавад.
Тавре раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода хабар медиҳад, маросими тантанавӣ бо ҳузури ҷомеаи журналистии кишвар, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин васоити ахбори умум доир мешавад.
Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз байни беш аз 30 нафар журналистон ва тадқиқгароне, ки маводи худро пешниҳод сохта буданд, беҳтаринҳоро муайян намудааст, ки исми онҳо рӯзи 17 октябр дар ҷаласаи тантанавӣ эълон мегардад.
Ба ғолибон мукофоти пулӣ, шаҳодатнома ва нишони лауреати Ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ тақдим карда мешавад.
Ҳамчунин дар ин рӯз ғолибони Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ барои донишҷӯёни факултаҳои журналистӣ низ муаррифӣ мешаванд.

Октябрь 14, 2016 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид