Истихроҷи наздик ба 900 ҳазор тонна ангишт дар конҳои вилояти Суғд дар 9 моҳ

Октябрь 15, 2016 11:35

Хуҷанд, 15.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар конҳои ангишти вилоят дар 9 моҳи соли равон 882 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 336 ҳазор тонна ё худ 1,6 маротиба зиёд мебошад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи энергетика ва саноати МИҲД-и вилояти Суғд Озифхон Шарифзода иттилоъ дод: «Дар кони калонтарини вилоят — кони «Фон Яғноб»-и ноҳияи Айнӣ давоми 9 моҳи соли равон истихроҷи ангишт ба 511 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,7 ҳазор тонна зиёд буда, 125,5 фоизро ташкил медиҳад».
Ба иттилои манбаъ, падидаи нек дар соҳаи истихроҷи ангишти вилоят ин ба фаъолият шурўъ намудани корхонаи нави истихроҷи ангишт «Комбинати металлургии Тоҷик» дар ноҳияи Айнӣ мебошад. Корхонаи мазкур соли равон тавонист, ки аллакай 52 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намояд.
Корхонаи «Талко ресурс»-и ноҳияи Айнӣ истихроҷи ангиштро 3 маротиба зиёд намуда, ба 276,3 ҳазор тонна расонид.
Ҳамзамон нишондиҳандаи баландтарини суръати афзоиши истихроҷи ангишт дар 9 моҳи соли равон ба корхонаи хурдакаки «Ғузн»-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ рост омад. Корхонаи мазкур ҳамагӣ 2,2 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда бошад ҳам, лек суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 545 фоизро ташкил дод.
Мутаассифона, ҷамъияти саҳомии «Ангишт»-и шаҳри Исфара бинобар ҷой доштани мушкилиҳои фурўши ангишт, зеризаминӣ будани истихроҷ (ва дар ин замина баланд будани арзиши аслии он) ва вазъи душвори молиявӣ 37,2 ҳазор тонна ангиштро истихроҷ намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 ҳазор тонна ё 13,4 фоиз кам мебошад.
Ҳамзамон доир ба ташкили нуқтаҳои фурӯши ангишт О.Шарифзода илова намуд, ки «то имрӯз дар ҳудуди вилоят 636 нуқтаи фурӯши ангиштсанг амал менамояд, ки аз он 343 адад нуқтаи доимӣ ва 293 адад нуқтаи сайёри фурӯши ангиштсанг мебошад. Имрӯз дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯш миқдори зарурии ангиштсанг мавҷуд буда, нархи он барои 1 кг вобаста ба сифати ангиштсанг аз 18 то 80 дирам мебошад».

Октябрь 15, 2016 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад