Кишварҳои аъзои СААД бо ҷиноятҳои иттилоотӣ муборизаи муштарак мебаранд

Октябрь 6, 2016 09:52

Душанбе, 06.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ муборизаи муштаракро бар зидди ҷиноятҳои вобаста ба соҳаи иттилоот таҳким мебахшанд. Дар робита ба ин 5 октябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Протокол дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои СААД оид ба муқовимат бо фаъолияти ҷинояткорӣ дар соҳаи иттилоотро тасдиқ намуданд. Санади мазкур моҳи декабри соли 2014 дар шаҳри Маскав аз ҷониби сарони кишварҳои СААД ба имзо расидааст.
Мансурҷон Умаров, муовини авввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гуфт: «Санади мазкур ба фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамкории судманди мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СААД дар самти ҳимояи фазои иттилоотии тарафҳо равона гардидааст. Ҷилавгирии амалҳои тахрибкорӣ ва истифодаи шабакаи интернетӣ барои содир намудани ҷиноятҳо бар зидди асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатҳо, сулҳ ва бехатарии башарият, мубориза бо ҷиноятҳои соҳаи технологияи иттилотӣ аз ҳадафҳои Протокол аст».
Протоколи мазкур бо мақсади зарурати ҳифзи фазои иттилоотӣ ва манбаъҳои иттилоотӣ, таъмини ҳамкории муштарак ҷиҳати муқовимат бо фаъолияти ҷинояткорӣ дар соҳаи иттилоот ва муҳайё кардани асосҳои ҳуқуқии ҳамкории хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тарафҳои аҳдкунанда дар мубориза бо ҷинояткорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ таҳия шудааст.
Вакилони Парлумон ҳамзамон «Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъмини мутақобилаи ҳифзи иттилооти махфӣ дар доираи СААД» аз 18 июни соли 2004 ва Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба шартҳои имтиёзноки таҳвили техникаи махсус ва воситаҳои махсус барои таҷҳизонидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои СААД аз 6 октябри соли 2007- ро баррасӣ карда, ба тасвиб расониданд.

Октябрь 6, 2016 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад