Котиби Шўрои амнияти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Душанбе, 1.10.1016./АМИТ «Ховар»/. Рўзҳои 3-4 октябри соли равон Котиби Шўрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.
Таи ин рўзҳо баргузории вохўрии расмии котибони шўроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар доираи ҳамкорӣ байни дастгоҳҳои шўроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар назар дошта шудааст.
Зимни вохўриҳо вобаста ба вазъи амнияти байналмилалӣ, таҳдиду ситезаҳои муосир, вазъи ҳарбию сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, амният, таҳкимбахшии ҳамкориҳо дар самти равандҳои муҳоҷират ва дигар масъалаҳои барои тарафҳо судманд мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Дар ин бора аз Дастгоҳи Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид






