Маҳбусон аз Аморот ба Тоҷикистон оварда мешаванд
Душанбе, 05.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар оянда шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб ҷиноят содир намуда, дар маҳбасхонаҳои ин кишвар қарор доранд, ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Дар робита ба ин 5 октябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи супоридани маҳкумшудагонро тасдиқ намуданд.
Муҳаммадиброҳим Осимзода, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни тавзеҳи санади мазкур дар Парлумони кишвар гуфт: «Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб моҳи марти соли 2016 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай ба имзо расидааст ва ҳадафаш овардани маҳкумшудагон аз маҳбасҳои Аморот ба Тоҷикистон аст. Дар маҷмӯъ самти асосии Созишномаи мазкур ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маҳбасҳои Аморот нигоҳ дошта мешаванд, нигаронида шудааст. Инчунин байни Тоҷикистон ва Аморот Созишномаи байнидавлатӣ оид ба эктрадитсия ва Созишномаи байнидавлатӣ дар хусуси расонидани кумаки мутақобила оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ вуҷуд доранд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар фаъолияти худ аз онҳо истифода менамоянд».
Алҳол дар маҳбасҳои Аморот чанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд? Дар посух ба ин саволи намояндагони ВАО муовини Прокурори генералии кишвар гуфт, ки «дар ин бора иттилоъ надорем».








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






