Маҳфили рӯнамоии китоби «Забони миллат- ҳастии миллат» дар Суғд
Душанбе, 08.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба ифтихори таҷлили Рўзи забони давлатӣ маҳфили рўнамоии китоби тозанашри Асогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат ҳастии миллат»-ро бо иштироку суханронии олимону муҳаққиқон, шоирону нависандагон ва аҳли зиё баргузор намуд.
Маҳфилро сарвари Китобхона Баҳром Мирсаидов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд. Дар бораи мақому манзалати забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, инъикоси ҳаматарафаи масоили таърихи забон дар китоби ёдшуда, сарвари Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода ҳамаҷониба мулоҳизаронӣ намуда, дар доираи мавзўи «Забони тоҷикӣ пояи миллати тоҷик» баромад намуд.
Дар маърўзаҳои олимон ҷанбаҳои китоб, аз ҷумла матолиб оид ба таърихи забону адабиёт, таърих, мардумшиносӣ, ҷуғрофиё, мабонии шеваю лаҳҷаҳои марказию меҳварии забони модарии мо арзёбӣ гардиданд.
Ҳамчунин гузориши доктори илмҳои филологӣ, сардори Қонуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шамсиддин Солеҳов дар мавзӯи «Дидгоҳҳои шинохти забони миллӣ дар китоби «Забони миллат ҳастии миллат» ва чандин нафари дигар маърӯза карданд.
Дар қисмати музокира олимони маъруфи ҷумҳурӣ, профессорон Атахон Сайфуллоев ва профессор Усмонҷон Ғаффоров андешаҳои худро доир ба аҳамияти китоби «Забони миллат ҳастии миллат» иброз доштанд.
Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Ато Мирхоҷа доир ба кору пайкори мондагори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар намуда, шеъри тозаи хешро, ки бозгўю бозтоби фаъолияти густурдаи Раҳбари муаззами кишвар мебошад, қироат кард.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ Ховар хабар доданд.








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






