Мадина Дилоева донишҷӯи сол-2016 эълон гардид

Октябрь 26, 2016 09:02

donishchui-solДушанбе, 26.10.2016./АМИТ «Ховар»/. Донишҷуи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мадина Дилоева ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2016» эълон гардид. Дар ин бора рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» хабар додааст. Иттилоъ дода мешавад, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Дар даври ҷамъбастии Озмун ҳайати ҳакамон аз рӯйи шартҳои худмуаррифӣ бо истифодаи усулҳои наву замонавӣ (слайд-презентатсияҳо), саволу ҷавоб вобаста ба мавзуъҳои ихтисосӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва навиштани кори хаттӣ бо забони давлатӣ дар ба мавзӯи сиёсати давлатии ҷавонон ба истеъдоду маҳорати донишҷӯён баҳогузорӣ намуданд. Се ҷойи дуюм ба Маҳинбону Шарифова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Зарнигор Ҷӯраева, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат, Дилнора Амонова, донишҷӯи Донишкадаи молия ва иқтисод ва ду ҷойи сеюм ба Инна Ёрисова, донишҷӯи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов ва Субҳонқул Субҳонқулов, донишҷӯи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон насиб гардиданд.

Ғолибон бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ғолибонро таҳният гуфта, иброз дошт, ки баргузории чунин озмунҳо имкон медиҳад, истеъдодҳои нав дар ҳар ҷода кашф шаванд. “Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади ҳалли масоили ҷавонон ва насли наврас аз оғози истиқлолият ҳамаи чорабиниҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Зеро ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Дастгириву ҳавасмандсозӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат дар меҳвари асосии сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷавобан ба ин ҷавонон низ бо илму дониш, азму иродаи қавӣ дар рушду инкишофи ҷомеа ҳиссагузор ҳастанд”.

Ёдовар мешавем, ки озмун дар ду марҳила сурат гирифт. Марҳилаи якуми он дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат доир гардида, дар он беш аз 200 нафар донишҷӯ ширкат варзиданд. Ҳамин тавр, пас аз ҷамъбасти марҳилаи аввал беҳтаринҳо, яъне 17 нафар дар даври ниҳоӣ иштирок намуданд.

— Ҳадаф аз баргузории озмун дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони донишҷӯ, муайян намудани донишҷӯи беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён ва таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон мебошад, — гуфт Дилноза Аҳмадзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.

Октябрь 26, 2016 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад