МИМД барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯёни ДДТТ омӯзиш доир кард
Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷустуҷӯи иттилооти эътимодноки фармасевтӣ оид ба маводи доруворӣ»- таҳти ин мавзӯъ Маркази иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ (МИМД) семинар-тренингро ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба маводи доруворӣ баргузор намуд.
Дар семинар-тренинг донишҷӯёни бахши 3-и факултаи тиббӣ иштирок намуда, ба онҳо кормандони МИМД оид ба зарурати эътимоднок будани иттилооти тиббӣ, алалхусус иттилооти фармасевтии тиббӣ маълумот шарҳ доданд.
Дар анҷоми семинар-тренинг донишҷӯён мулоҳизаҳои худро баён намуда, хоҳишманди зиёд кардани миқдори чунин тренингҳои омӯзишӣ шуданд. Барои паҳн намудани иттилооти саҳеҳ ва эътимодноки фармасевтӣ ба ҳар иштирокчӣ маводи иттилоотӣ тақдим карда шуд.
Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иттилоъ доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






