Ҳ. Накҳатзода: Омор- воситаи асосии идоракунии иқтисодиёт аст

Октябрь 20, 2016 17:20

Хуҷанд, 20.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 2010-ум ҳамасола дар мамлакатҳои ҷаҳон 20 октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии омор таҷлил карда мешавад.

Омор- яке аз намудҳои фаъолияти одамон ба ҳисоб рафта, мақсади он ба даст овардан, коркард ва таҳлили маълумот бо далелу асноди мушаххаси ҳаёти ҷамъият ба ҳисоб рафта, асоси давлатдории мамлакатро ифода мекунад. Дар ин замина кормандони соҳаи омори ҷумҳурӣ низ дар қатори дигар намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар рушд ва пешбурди иқтисодиёти мамлакат саҳмгузоранд

Вобаста ба ин сана, ҳамзамон оид ба ташкил ва нақши ин соҳа, пешбурд ва дурнамои он хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Суғд бо сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода суҳбат кард.

АМИТ «Ховар»:  Муҳтарам Ҳокимбек Накҳатзода, дар Рӯзи байналмилалии омор оид ба таърихи пайдоиш ва таъсиси ин сохтор чанд сухан мегуфтед…

Ҳ. Накҳатзода: Тавре Шумо зикр кардед, 20 октябр Рӯзи байналмилалии омор мебошад. Гарчанд ин сана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман тасдиқ  нашуда бошад ҳам, кормандони ин соҳаи ҷумҳурӣ онро ҳамчун Рӯзи байналмилалии кормандони омор таҷлил мегиранд. Аз фурсат  истифода бурда, ҳамаи кормандони соҳаи омори ҷумҳуриро бо иди  касбиашон табрик мегӯям. Омор ва ҳисобу китоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон худ ба худ пайдо нашудааст. Барои ташкил ва роҳандозии он як зумра мутахассисони соҳа заҳматҳои зиёд кашидаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи оморшиносӣ асосан дар даврони Иттиҳоди Шўравӣ ташкил ёфта, солҳои 60-70-уми асри гузаштаро давраи ташаккули ин соҳа номидан мумкин аст, зеро маҳз дар ин солҳо фаъолияти мақомоти омор ба пешравию коркарду  пешниҳоди маълумоти оморӣ дар тамоми ҷумҳурӣ мусоидат намуд.  Дар ин солҳо дар ҳамаи идораҳои вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳо истгоҳҳои ҳисобкунии мошинӣ ташкил карда шуда, шумораи зиёди мутахассисон тайёр ва ба фаъолият оғоз намуданд. Ҳамаи намудҳои ҳисоботи оморӣ бо мошинҳо коркард  мешуданд, ки ин як инқилоби техникии ҳамон давра ба ҳисоб мерафт.

АМИТ «Ховар»:  Хуб мешуд истилоҳи оморро шаҳр медодед

Ҳ. Накҳатзода: — Калимаи статистика, яъне омор аз вожаи лотинӣ гирифта шуда, маънои «STATЕS» ҳолат, ҳодиса. «STATO» -давлат, «STATЕSTA» -донандаи давлат, яъне донандаи маълумоти давлатиро ифода мекунад. Оғоз аз соли 1991, баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ олимони забондони тоҷик ба ҷои калимаи «статистика» калимаи «эҳсоия»-ро ба истифода қабул карданд, ки аз луғати форсӣ (эронӣ) гирифта  буданд. Баъдан аз тарафи иқтисоддонҳо калимаи «омор» ба феҳристи калимаҳои тоҷикӣ ворид карда шуд.

АМИТ «Ховар»: Бигӯед, ки имрӯз фаъолияти сохтори омор дар давраи соҳибистиклолии кишвар аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ чӣ фарқият дорад?

Ҳ. Нақҳатзода: — Дар даврони Иттиҳоди Шўравӣ маълумоте, ки аз ҷониби мақомоти оморӣ коркард мешуд, хусусияти пўшида доштанд, зеро ба он асосан мақомоти роҳбарикунанда дастрасӣ доштанд. Ҳоло дар шароити инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ, тартибдиҳӣ ва коркарди иттилооти оморро бештар талаботи ҷамъият муайян мекунад. Гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ дар сиёсати паҳнкунии ахбори оморӣ тағйироти нав ба вуҷуд овард. Акнун тақрибан ҳамаи ахбори оморӣ дастраси омма шудаанд.

АМИТ «Ховар»: Нақши омор дар чист ва он дар кишварҳои ҷаҳон чӣ аҳамият дорад?

Ҳ.Накҳатзода: Омор дар ҷаҳони муосир яке аз воситаҳои асосии идораи иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Он вазифадор аст, ки таъмини ба даст овардан, шинохтан (коркард) ва ба роҳбарият пешниҳод намудани нишондиҳандаҳои заруриро оид ба сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва рушди мамлакат ба уҳда гирифта тавонад.

Маълумоти оморӣ асосноккунандаи сиёсати мамлакат, тадқиқоти  илмӣ ва дарёфти роҳҳои рушду дигаргунсозии иқтисодиёти мамлакат мебошад. Гузаштан ба муносибатҳои бозаргонӣ ва рушди он тақозо менамояд, ки ташкил ва ба даст овардани маълумоти оморӣ дуруст ба роҳ монда шавад.

Дар айни замон батанзимдарории соҳаро ҳамчун мақомоти марказии салоҳиятдор Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Фаъолияти мақомоти омор дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» аз 12 январи соли 2010 ба роҳ монда шудааст.

Агентии омор дар ҳамаи самтҳои иқтисодиёт масъулияти пурраи омориро ба зимма гирифта, низоми ягонаи муташаккили ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили ҳисоботи омориро амалӣ менамояд. Агентии омор равандҳо ва талаботи омори ташкилотҳои СММ, Кумитаи иқтисодии Аврупоии СММ-ро ба роҳбарӣ мегирад.  Яке аз чунин талабот-  омори расмӣ аст ва он унсури зарурии низоми иттилооти ҷомеаи демократӣ мебошад, зеро ҳукумат, дастгоҳҳои иқтисодӣ ва ҷамъиятиро бо маълумоти иқтисодӣ, демографӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ таъмин мекунад.

АМИТ «Ховар»:  Шаффофияти иттилоотӣ чӣ гуна ҷараён мегирад?

Ҳ.Накҳатзода: Дар зери маҳфуми иттилооти шаффоф таъмини иттилооти расмии омории фаврӣ, муътамад, пурраю сифатнок ва илман асоснокшуда фаҳмида шуда, Агентӣ дар самти таъмини ошкоро ва шаффофияти иттилооти оморӣ ҳар семоҳа аз тариқи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар бораи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумолнома ба нашр мерасонад.

Барномаи корҳои оморӣ ҳамаи шаклҳою бахшҳои фаъолияти омори соҳаҳои иқтисодро дарбар гирифта, дар барномаи солонаи корҳои оморӣ шаклҳои ҳатмии ҳисоботи оморӣ барои фаро гирифтани иттилооти пурра, ки Агентӣ ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлил менамояд, ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Тадқиқоти интихобии оморӣ низ дар соҳаҳо нақши муҳим мебозанд. Барои пурра фаро гирифтани истеҳсолот ва хизматрасонии пулакӣ, ки дар ҷумҳурӣ ҷараён дорад, оид ба тадқиқоти истеҳсолкунандагони маҳсулот, ки дар асоси патент (иҷозатнома) ё сертификат фаъолият мебаранд, низ ҳисобот ҷорӣ карда шудааст, ки он дар як сол ду маротиба ба тариқи пурсиш ба ҳисоб гирифта мешавад.

АМИТ «Ховар»: Дар ин замина мегуфтед, ки фаъолияти асосии Сарраёсати омори вилоятӣ  аз чӣ борат аст?

Ҳ.Накҳатзода: Низоми ягонаи мақомоти давлатии омори вилояти Суғд аз Сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо иборат мебошад. Сарраёсат фаъолияти худро дар ҷамъ овардан ва паҳн намудани иттилооти оморӣ, дар асоси принсипҳои омўзиши объективӣ ва ҳаматарафаи равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар  вилоят ба вуҷуд меоянд, амалӣ мегардонад. Аз ҷумла, ташкили дурусти фаъолияти омор, тайёр намудани методологияи таҳлил, таҳияи низоми нишондиҳандаҳо барои идоракунии хоҷагӣ дар дараҷаи макро ва микроиқтисодӣ, ҷамъ овардани  маълумоти эътимоднок, муайяннамоӣ (равшангардонӣ)-и маҷмўи ҳодисаҳо,  омўхтани сохт ва таркиби ҳодисот, омўзиши тағйирёбии ҳодисаҳо аз рўи алоқамандӣ.

Ҳамчунин пешниҳоди  иттилооти расмии оморӣ ба Агентии омори назди Президенти ҶТ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, идораҳову ташкилотҳои байналмиллалӣ, таҳияи иттилооти иқтисодию оморӣ, таҳлили он, тартиб додани ҳисоби миллӣ, ҳисоби тавозуни зарурӣ, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти омории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз самтҳои асосии фаъолияти асосии Сарраёсати омори вилоят мебошад.

Мусоҳиб Абдуаҳад Шарифзода, АМИТ «Ховар», Суғд

Октябрь 20, 2016 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд
ИЛМ АҲЛИ ЗИЁРО БА СӮИ ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИР РАҲНАМОӢ МЕНАМОЯД. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Намояндаи Ироқ Ҳотам Ҳусейн: «Шумораи зиёди электромобилҳо дар Душанбе аз тадбирҳои тоза нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад»
«ТОҶИКИСТОНРО ЧУН БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН ДАРЁФТЕМ». Бардошти меҳмонон пас аз шиносоӣ бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Меҳмон аз Буркино Фасои Африқо Диало Блами: «Орзуи бо дӯстонам дубора ба Тоҷикистон омаданро дорам»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Хабарнигор аз Африқо Омва Баблин: «Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти обу иқлим саҳми арзанда гузоштааст»