Намояндагони Парлумони Британияи Кабир аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид ба амал меоранд

Октябрь 27, 2016 08:30

Душанбе, 27.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо намояндагони Парлумони Британияи Кабир аз Палатаи намояндагон ва Гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Муттаҳида Найҷел Миллс ва Пол Монангон атрофи масъалаҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», вазъияти бонкҳо, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир Ҳю Стэнли Филпотт иштирок намуд.
Дар назар аст, ки намояндагони Парлумони Британияи Кабир аз Палатаи намояндагон ва Гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Муттаҳида Найҷел Миллс ва Паул Монангон дар доираи сафар аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид ба амал оварда, бо фаъолияти субъектҳои он аз наздик шинос шаванд.

Октябрь 27, 2016 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид