НБО «Техарв», ки зери сел монда буд, дубора барқарор шуд

Октябрь 12, 2016 17:14

Ванҷ, 12.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тобистони соли гузашта бар асари гармии ҳаво сатҳи оби рӯдхонаҳои кӯҳӣ боло рафта, ду неругоҳи хурди обии ин ноҳияро тахриб кард. Яке аз ин неругоҳҳо дар деҳаи Техарви ҷамоати Ҷовидони ноҳияи Ванҷ ҷойгир аст ва иҳтидори он 300 киловат мебошад. Неругоҳи мазкур дар даҳаи аввали солҳои навадуми асри гузашта бунёд гардида, дар давоми чандин сол 600 хонаводаи ноҳияи Ванҷро бо неруи барқ таъмин мекард. Аммо аз моҳи июни соли гузашта ҳавзи обпарто ва бинои асосии он зери сел монд ва моҳи октябр ин неругоҳ муваққатан, бо иқтидори нопурра ба кор андохта шуд.
Дар фасли зимистон сокинони ин водӣ мутобиқи реҷа аз барқ таъмин гардиданд. Барои таъмиру таҷдиди неругоҳ ширкати «Помирэнерҷӣ» наздики 383 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо кард. Сармутахассиси ширкати мазкур Қурбоналӣ Сабзалиев гуфт, ки «ба таъмиру навсозии ин неругоҳ аз моҳи март оғоз кардем ва ҳоло аз паи иҷрои охирин корҳои барқарорсозӣ ҳастем».
Дар рӯзҳои наздик ин неругоҳ ба кор андохта мешавад. Баъди таъмиру таҷдид иқтидори тавлиди неруи барқ аз 300 киловатт то ба 460 киловатт хоҳад расид.

Октябрь 12, 2016 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа