Олимон: Қаҳва барои пешгирии заъфи ақл дар пиронсолӣ кумак мекунад
Душанбе, 06.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Олимони Донишгоҳи Висконсин-Милуокии Амрико таҳқиқ карданд, ки истеъмоли қаҳва ба кам кардани эҳтимолияти бемории заъфи ақл дар пиронсолӣ кумак хоҳад кард. Дар ин бора рӯзномаи «Известия» иттилоъ медиҳад.
Мутахассисон муддати 10 сол саломатӣ ва одатҳои хӯрокхӯрии 6,5 ҳазор занони аз 65- сола болоро омӯхтанд. Инчунин дар давоми озмоиш, коршиносон кори мағзи иштирокчиёни ихтиёрии озмоишро назорат намуданд.
Маълум шуд, нафақахӯроне, ки мунтазам қаҳваи кофеиндорро менӯшиданд, камтар гирифтори бемории деменсия мешуданд. Бино ба иттилои «Свободная пресса» шахсе, ки дар як рўз ду пиёла об менӯшид, эҳтимолияти бемориаш то ба 36% паст гардид.
Ба гуфтаи олимон, таъсири мусбати қаҳва дар он аст, ки кофеин метавонад ретсепторҳои кимиёвии махсусро, ки дар синни камолот нодуруст фаъолият намуда, ба фаъолияти минтақаҳои мағзи сар (чун барои хотира ва омӯзиш ҷавобгӯянд) таъсири манфӣ мерасонанд, муҳосира намояд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






