Пешвои миллат-асосгузори рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифгари Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ

Октябрь 10, 2016 15:15

Душанбе, 10.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешвои миллат-асосгузори рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифгари Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ» Конфронси илмӣ- назариявӣ баргузор мегардад.
Дар конфронси мазкур намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати фарҳанги ҶТ, Академияти илмҳои ҶТ, Маркази тадқикоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони ВАО иштирок хоҳанд кард.
Мақсади конфронс- арҷгузорӣ ба ҷаҳду талошҳои пайваста, содиқона ва собитқадамонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, забону расму оини миллати тоҷик ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон мебошад.
Конфронс бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 10, 2016 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид