Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд минбаъд Парчами давлатии кишварро дар манзилҳои истиқоматиашон низ овезон намоянд

Октябрь 12, 2016 17:11

Душанбе, 12.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром минбаъд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода намоянд. Дар ин росто 12 октябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Мавзуна Шарофиддинова, вакили Маҷлиси намояндагон дар суҳбат ба ҳабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи ин тағйирот, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, дар биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, маишӣ, корхонаҳо ва манзилҳои шаҳрвандон бо ифтихор истифода бурда мешавад. Яъне дар паи ин тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маконҳои истифодаи Парчами давлатӣ дар кишвар васеъ гардонида мешаванд, ки он ба ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихор аз миллату давлатдорӣ мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2009 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Октябрь 12, 2016 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон