Соҳибкорони олмонӣ ба Форуми сармоягузории Душанбе-2016 меоянд
Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 14-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-2016» баргузор мегардад. Барои иштирок дар кори он ҷиҳати ҷалби доираҳои иқтисодӣ ва сармоягузории кишвари Олмон Сафорати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Олмон вохӯриҳои корӣ анҷом дода, оид ба фазои сармоягузорӣ, қонунгузориҳои амалкунанда, инчунин имконоту захираҳои иқтисодии кишварамон маълумоти дахлдор паҳн намуд.
Дар қатори намояндагони Бонки рушди Олмон, Агентии ҳамкории байналмилалӣ, инчунин як зумра намояндагони ширкатҳо ва соҳибкорони Олмон, аз ҷумла Мактаби иқтисодӣ-молиявии Франкфурт, ширкати «REF Europe GmbH», «BRS Higen Solutions», «HIT Hold Managing Group», «Akebono Bieki Co.Ltd» ва ғайра тасмим доранд, ки дар кори Форум фаъолона ширкат варзанд.
Хотиррасон мекунем, ки соли равон ба хотири ҷалби сармояи Олмон ба иқтисоди Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Берлин ва Ҳамбург якчанд ҳамоишҳои сармоягузорӣ доир гардиданд. Сафорати Тоҷикистон дар Олмон то охири сол якчанд чорабиниҳои таблиғотӣ барои ҷалби саҳмгузории соҳибкорони кишвари иқомат ба иқтисоди миллиро дар назар дорад.
Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






