Соли 2017 дар мамлакат «Соли рушди туризми устувор» эълон мешавад
Душанбе. 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Ризо Назрзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода ва роҳбари ширкати сайёҳии «AMEKS TRAVEL» Аҳн Байнг Чул ҳамкории кишварҳо дар соҳаи сайёҳӣ, масъалаҳои марбут ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи туризм, баланд бардоштани малакаи кории мутахассисони соҳа, ҷалби туристон ба кишвар ва дигар масоили ин соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар мулоқот Ризо Назарзода вобаста ба имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ дар кишвар гуфт: «Мо ният дорем барои рушд додани туризм соли 2017-ро «Соли рушди туризми устувор» эълон намоем».








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






