Валентина Матвиенко: «Тоҷикистон кишварест, ки тавонистааст орзую ормонҳои мардумашро ҷомаи амал пӯшонад»

Октябрь 14, 2016 10:35

Душанбе, 14.10.2016/АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистону Русия дар самти фаъолияти парлумони дупалата аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдоранд ва парлумонҳои кишварҳои моро мебояд аз таҷрибаи ғании якдигар ба таври самарабахш истифода намоянд». Ин матлабро Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе баён кард.
Валентина Матвиенко таъкид кард, ки «таърихи давлатдории муосири тоҷикон марҳилаҳои хеле душворро паси сар кардааст. Ҳоло дар Тоҷикистон тағйироти куллӣ ба таври мусбат ва чашмрас ба вуҷуд омадаанд. Тоҷикистон кишварест, ки тавонистааст орзую ормонҳои халқашро ҷомаи амал пӯшонад. Парлумони Тоҷикистон қонунҳое кабул мекунад, ки танҳо ба манфиати мардуми кишвар равона гардидаанд. Дар баробари ин, Парлумони Тоҷикистон ҳамеша мавқеи минтақавиии кишварро ҳимоя менамояд. Ин дар таҷрибаи парлумонҳо падидаи нав аст», -гуфт дар анҷоми мулоқот Валентина Матвиенко. Мавсуф иброз дошт, ки мардуми рус аз талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои барқарории сулҳу суботи комил дар кишвари худ иттилоъ доранд ва ин заҳмату корнамоиҳои миллати барӯманди тоҷикро ҷиҳати ба даст овардани ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ қадр менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия 12 октябр бо ҳайати баландпояи парлумонии палатаи болоии Парлумони Русия бо сафари расмӣ ба Душанбе омад. Валентина Матвиенко зимни сафари раксмиаш ба Тоҷикистон бо роҳбарияти баландпояи Тоҷикистон- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуда, масоили муҳими марбут ба ҳамкории судманд ва гуногунсоҳаи Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуданд.
Инчунин Валентина Матвиенко дар Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» иштирок карда, сухан гуфт.
Шоми 13 октябр Валентина Матвиенко ва ҳамроҳонаш аз Душанбе ба Маскав рафтанд.

Октябрь 14, 2016 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ