Забони ВАО метавонад барои ҷомеа намуна ва меъёри муайян бошад
Душанбе, 26.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Забони ВАО гуногунҷабҳа буда, бояд дар ин самт корҳои назарраси илмӣ анҷом дода шаванд, зеро маҳз забони воситаҳои ахбори омма метавонад, ки барои ҷомеа намуна ва меъёри муайян бошад. Аз ин рў бояд ҳар соҳибзабон аз тариқи телевизион ва радио, рўзномаву маҷаллаҳо забони ноби адабии тоҷикиро истифода карда, маводи таҳиякардаро ба ҷомеа бо ин забон ироа намояд». Ин суханҳо дар конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ, ки ба мавзўи «Масъалаҳои баҳсноки забони ВАО» бахшида шуд, садо доданд.
Одил Соҳибов, мудири шуъбаи фарҳанг ва иҷтимоиёти ҳафтаномаи «Тоҷикистон» баргузории конфронсро роҷеъ ба масъалаҳои баҳсноки воситаҳои ахбори омма саривақтӣ мешуморад. Ба андешаи ў, дар матбуоти имрўзаи мо чанд мушкилӣ вуҷуд дорад, ки бояд бартараф карда шаванд. Ў гуфт: «Албатта, дар бораи забони матбуот, забони ВАО китобҳо нашр шудаанд, вале то ҳол чанд масъала боқӣ мондааст, ки инҳо маънои калимаҳо, тарзи истифодаи калимаҳо дар матбуот, истилоҳот, шакли корбурди калимаҳо дар забони ВАО аст. Ин ҳама масоили ҷиддӣ буда, бояд, ки дар конфронси имрўза баррасӣ шаванд ва забоншиносон, докторон, профессорон, коршиносон, номзадҳои илм ва мутахассисони соҳаи забоншиносӣ ин масъалаҳоро бояд матраҳ намоянд».
Ба гуфтаи Одил Соҳибов, аз ҷиҳати назариявӣ имрўз забони матбуот дар илми забоншиносии тоҷик то ҳол пурра таҳқиқ нашудааст. Ў мегўяд: «Дар илмҳои филологӣ, махсусан дар риштаи илми забоншиносӣ дастовардҳоямон кам аст, зеро бо будани Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, Институти шарқшиносии забон, адабиёт ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ, факултетҳои филологӣ, кафедраҳои забоншиносӣ дар назди донишгоҳҳо ва як институти дигар, ки дар Хуҷанд бо номи Камолшиносӣ бо масъалаи забон машғул аст, бо будани ин қадар заминаи илмӣ наметавонем як фарҳанги тафсирии забони тоҷикиро нашр кунем. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, ки соли 1964 дар Маскав нашр шуда буд, имрўз хеле китоби камёфт шудааст, ки дар фурўш як нусхааш 1000 сомонӣ аст. Бояд, ки ин мушкил бартараф карда шавад».
Устоди кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ Меҳроб Ҷумъаев баргузории ин конфронсро воситаи хубе баҳри рушду нумӯи забони миллӣ медонад. Ӯ гуфт: «Ин гуна конфронсҳо барои минбаъд рушд кардани забони миллӣ аз аҳамият холӣ нестанд, чунки забони матбуот ҳам баёнгари ҳолати кунунии забони адабии тоҷик ва ҳам сохтори грамматикии он ба ҳисоб меравад».
Ёдрас мешавем, ки конфронси мазкур дирӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида шуд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






