Конфронси илмию амалӣ ба «Масъалаҳои баҳсноки забони ВАО» бахшида мешавад

Октябрь 25, 2016 09:55

Душанбе, 25.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори фарҳангии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои баҳсноки забони воситаҳои ахбори омма» баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» баргузоркунандагони конфронс хабар доданд, дар он маърӯзачиён беш аз 20 мавзӯъро баррасӣ мекунанд. Маърӯзаҳо ба мавзӯъҳои «Доир ба таҳаввулоти грамматикӣ дар воситаҳои ахбори омма», «Баъзе нуқсони маводи тарҷумавӣ дар забони матбуот», «Рушди барномаҳои фарҳангиву фароғатии радиои «Тоҷикистон» дар даврони истиқлол», «Баррасии забони ВАО-и иттиҳодиявии Тоҷикистон дар замони  истиқлолият», «Масъалаи содагии забони тоҷикӣ дар рӯзномаи «Бухорои шариф» ва «Ғалатҳои имлоӣ ва забонӣ дар барномаҳои телевизион» бахшида шудаанд.

 

Октябрь 25, 2016 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад