Зеландияи Нав ба Шӯрои амнияти СММ оид ба Сурия лоиҳаи қатънома пешниҳод кард
Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Зеландияи Нав ба Шӯрои амнияти СММ лоиҳаи қатъномаро оид ба Сурия, ки ба вазъи Ҳалаб иртибот дорад, бо талаби оташбас пешниҳод кард. Дар ин бора агентии «Reuters» иттилоъ дод.
Бино ба иттилои агентӣ, дар матни лоиҳаи қатънома дар бораи талаби «қатъ гардидани ҳама гуна ҳамлаҳо, ки метавонанд боиси фавт ё маҷрӯҳ гардидани сокинони осоишта ё хисорот ба иншооти шаҳрвандӣ дар Сурия тавассути ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Ҳалаб гарданд», гуфта шудааст.
Чанде қабл Фаронса низ лоиҳаи қатъномаро ба Шӯрои амнияти СММ пешниҳод карда, таклиф намуд, ки дар Ҳалаб минтақаи бепарвоз ҷорӣ карда шавад. Русия ба он зид баромад. Он гоҳ кишварҳои Ғарб лоиҳаи Русияро барои дастгирии ташаббуси намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба Сурия Стеффан де Мистура доир ба хуруҷи ҷангиёни «Ҷабҳат ан-Нусра» аз шаҳр масдуд карданд.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






