Ҳайдар Исмонзода: «13 ҳазору 500 кг маводи муҳлати истифодаашон гузашта нобуд карда шуданд»
Кормандони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ барои таъмини аҳолӣ бо доруворӣ ва маводи ороишӣ-гигиении хушсифат ва роҳ наёфтани доруворӣ ва маҳсулоти косметикӣ, маводи шустушўии муҳлатгузашта ба муомилот мутахассисони Хадамот пайваста санҷишҳо доир менамоянд. Зимни чунин санҷиш як миқдор доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлаташон гузашта, маҳсулоти бе сертификати ороишӣ-гигиенӣ низ, ки аз муомилот боздошт гардида буданд, нобуд карда шуданд. Сардори шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ Ҳайдар Исмонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки «ҷамъ 13 ҳазору 500 кг мавод нобуд карда шуд, ки аз он 12 500 кг-ро маводи дорувориву молҳои тиббӣ ва 1000 кг-ро маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кўдакон ташкил медиҳанд».
Инчунин соҳибкорон, кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва фармасевтии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ маводи доруворӣ ва ороишиеро, ки муҳлати истифодаашон гузашта буд, ихтиёран ба анбори Хадамот барои нобудкунӣ оварда супориданд. Аз ҷумла, ширкатҳои «Раҳмат-2004» (1402кг), «Сорбоғ» (2020 кг), «Солимфарма» (105 кг), «Даво Дунё» (2840кг), «Ҷаҳонфарм» (1200 кг), «Аҷгон» (2500 кг), «Тянши» (100 кг), Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ (1804,7кг), Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ (30 кг) тамоми маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузаштаро сари вақт супориданд.
«Хадамот корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратиро дар ин самт вусъат дода, дар оянда низ тамоми кўшишро ба он равона месозад, ки сатҳи хизматрасонӣ дар ин самт боз ҳам баланд бардошта шавад»,-илова кард Ҳ. Исмонзода.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






